Бадхоҳ ба мақсад намерасад
Мавзўи муњими доманадор, имрўзњо баромадњои гуногуни онлайнии Кабирї ва ҳаммаслакони ӯ аст, ки бо дастгирии хољањои пинњонии ў ба вуќўъ омада истодааст ва солњост, ки давом дорад. ў гоњ дар Аврупо ва гоње дар Осиё муњољирона дур аз Ватан дарбадар аст, ки онро на Ватан, на љомеъа ва на таърих њељ гоњ намебахшад. Он чи ки нисбати халќи азизи мо мекунад, њељ гоњ ба маќсади нопоки худ намерасад ва нахоњад расид.
Дар баромадњои худ, аз сиёсати давлату њукумати мо норозигии худро баён намудааст, ки гўё зодаи ин диёри мањбуби Тољикистон набошад. Ӯ маќсадњои охундњои худро, ба аќидаи мо, пурра дарк накардааст, ки онњо чунин шахсиятњоро паноњгоњ медињанд, мењмондорї мекунанд ва њаматарафа истифода мебаранд.
Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Чумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалӣ Рањмон оид ба ин масъала борњо ибрози андеша намудаанд. Нањзатињо барои ба маќсад расидан аз терроризм истифода мекунанд, ки хатари онњоро ба истифодаи аслињаи ядрої, биологї ва кимиёвї метавон муќоиса кард.
Маълум аст, ки њазорњо шањрвандони Ҷумњурии Тољикистон ба муњољирати мењнатї ба хориљи кишвар сафар мекунанд, онњоро нањзатињо яке аз љанбаъњои љалби шањрвандони Тољикистон интихоб мекунанд ва маблаѓњои зиёдро сарф мекунанд.
Бо њар роњ онњоро ба сафи ташкилотњои ифротї аъзо менамоянд. Чунин аъзоњо, на танњо аз илму фарњанг, балки аз донишњои оддии динї тасаввуроти аниќе надоранд. Махсусан ќайд намудан љоиз аст, ки ба ин гуна ташкилотњо бисёртар љавонон пайравї мекунанд. Ин љо месазад байтњоеро зикр намуд, ки бузургон фармудаанд:
Як насињат мекунам, эй дил биёву гўш дор,
Тарк бинмуда Ватан бењуда саргардон машав.
Рафта ба даргоњи номарде, ки паст аст аз худат,
Карда хизмат чун ѓуломи зархариди ў машав.
Умед аст, ки њар як шањрванди тољик ба ќадри тинљиву оромї, сулњу субот ва вањдат мерасад.
Тољикистони азизам боз њам зебо мешавад,
Кишвари доимбањорам зеби дунё мешавад.
Муњиддинов М.- дотсенти ДДҲБСТ