Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Албатта, ҳар як паёми сарвари давлат барои самтҳои асосии рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ равона карда шудааст, аз он ҷумла, масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии ҶТ санаи 26 январи соли равон иброз доштанд: «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Барои рушди масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пеш аз ҳама заминаи иқтисодӣ зарур мебошад. Муқаррароте, ки вобаста ба вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, бе заминаҳои зарурии иқтисодӣ амалӣ шуданашон ғайриимкон аст. Маҳз сатҳи иқтисодӣ асоси дараҷаи амалӣ гаштани онҳо ба ҳисоб меравад.

Аз нуқтаҳои асосии Паёми имсола бармеояд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.

Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.

Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Яъне мо соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли сипаригашта дараҷаи назаррас сатҳи иқтисодии кишварамон боло рафтааст, ки ин ба вазъи иҷтимоии халқ таъсири мусбӣ мерасонад. Яъне, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сатҳи таъминоташон боз ҳам баландтар мегарданд.

Имрўзҳо мо шоҳиди он пешравиҳо, бунёдкориву созандагиҳо дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлати азизамон ҳастем. Новобаста аз таъсирҳои бўҳрони иқтисодии умумиҷаҳонӣ, аз таҳлилҳои олимони иқтисодӣ баромеояд, ки нисбат ба дигар давлатҳои пешрафта, иқтисодиёти ҷумҳурии мо мўъталӣ ва пуртобиро нишон дода истодааст. Ба андешаи мо гарчанде, ки Конститутсия (боби дуюм «Ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд») дар мадди аввал ҳуқуқҳои фардии инсон ва шаҳрвандро муқаррар карда бошад, ҳам бе амалишавии ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, дар сатҳи зарурӣ таъмини онҳо ғайри имкон мебошад.  Маҳз пешравиҳои иқтисодии имрўзаи ҷомеа ва давлатамон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин ҳама пешравиҳо аз заҳмату талошҳои Сарвари хирадмандамон, ки сиёсати сулҳҷуёна, ваҳдати миллӣ ва оромиву осоиштигиро дар мамлакатамон пойдор гардонидаанд,  бармеояд. Натиҷаи ин хизматҳои бузургу беназир буд, ки халқи мо ин шахсияти барҷастаи таърихии миллатро ба хотири арҷгузорӣ ва инчунин бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, ҳамчун Пешвои миллат эътироф намуданд.

 

Бобоев А.Х.-  мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like