Омӯзиши асарҳои Пешвои миллат-раҳнамо ба ояндаи ҷавонон
10–уми ноябри соли 2021 дар китобхонаи илмиии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент озмуни “Беҳтарин донандаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” доир гардид.
Дар озмун беш аз 14 нафар донишҷӯён аз факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва бизнес ва идоракунӣ иштирок намуданд. Ҳайъати ҳакамон аз рӯи шартҳои навиштани ЭССЕ ва таҳлили мухтасари асарҳои мутолиашуда ба донишу маҳорати иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.
Аз баромади иштирокчиён маълум гардид, ки онҳо бо тайёрии амиқ ба озмуни “Беҳтарин донандаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” омодагӣ дидаанд.
Дар қисмати баъдии озмун ректори донишгоҳ баромад карда, иброз дошт, ки бояд асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ ба донишҷӯён омӯзонида шавад. Зеро китобҳои таълифнамудаи Роҳбари мамлакат ҳар нафарро ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои мардуми куҳанбунёди тоҷик ошно месозад. Шарифзода М.М., илова кард, ки ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҳадаф аз доир намудани озмуни мазкур омӯзиши амиқи асарҳои Сарвари давлат ва ба ин васила эҳтирому арҷгузорӣ ба осори пурҳикмату мондагори эшон инчунин, эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории роҳбари мамлакат мебошад.
Озмуни мазкур то санаи 15 ноябр идома карда, ғолибон бо туҳфаву Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиногсӣ хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа