Зиёдшавии аслиҳаи ҷангӣ ба сулҳ намеорад
Ба ҳамагон маълум аст моҳи апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша ба биён омада буд. Баъди гуфтушунидҳои зиёди намояндагони ду кишвари ҳамсоя дар марз муноқиша бартараф гардид. Аммо рафтори минбаъдаи қирғизҳо нишон медиҳад, ки қирғизҳо мардуми ҷангҷў мебошанд, зеро онҳо санаи 29.05.2021 яъне, пас аз як моҳи задухўрд низомиёни қирғиз дар марз машқҳои ҷангӣ бо истифодаи силлоҳҳои вазнини ҷангӣ аз ҷумла танк, гранатомёт, миномет ва дигар силлоҳои ҷангиро истифода намудаанд. Дигар бора чунин машқи ҷанги санаи 02.06.2021 низ анҷом дода шудааст.
Дирўз аз расонаҳо ва сомонаҳои интернетӣ маълум гардид, ки Қирғизистон аз Туркия дронҳои ҷангиву бронитехникаҳо харидори намуда онҳоро ба хадамоти сарҳадӣ супоридааст. Аз хабарҳои расона дида мешавад, ки Қирғизистон аз Имороти Муттаҳидаи Араб мошинҳои зиреҳпӯш низ харидорӣ намудаанд. Ба фикри мо ин аз ҷангҷў будани қирғизҳо ва иқдоми ҷангҷуёнаи онҳо шаҳодат медиҳад.
Вобастҳои аз маълумотҳои дар боло оварда шуда ба хулоса омадан зарур аст, ки мардуми тоҷик ҳарчанд мардуми хайрхоҳу сулҳпарвар бошанд ҳам мо бояд чи хеле, ки Пешвои миллат дар суханрониву баромадҳои худ қайд мекунанд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёриро аз даст надиҳем ва ҳамеша омодаи ҳар ҳолат бошем. Задухурдҳое, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз тарафи қирғиз оғоз гардид нишон дод, ки низомиёни тоҷик чи гуна ҷасорату маҳорат доранд ва низомиёни ғирғизро ба ақибнишини водор сохтанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳамон шабу рўз иттифоқиву мутаҳидии мардуми шарафманди Тоҷикистон исбот шуд, аз тамоми гушаву канори кишвар ҷавонони ҷасур омода буданд барои ҳозир шудан ба марз барои муҳофизати Ватан, тамоми мардум омода буданд барои расонидани кўмак барои мардуми ҷабрдидаи назди сарҳад. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки Тоҷикистон Тоҷикистони солҳои 90 – ум нест Тоҷикистони имрўз бо талошу ҳаракатҳо ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоман дигар шудааст. Дар Тоҷикистон сулҳ ҳукмфармо асту давлат обод ва аҳолии кишвар муттаҳид.
Ҳарчанд хоинон вуҷуд дошта бошанд ҳам мардуми тоҷик худ нағз медонанд, ки чунин хоинҳо чиро мехоҳанд. Аз давлатҳои дигар истода боз мехоҳанд, ки мисли солҳои 90–ум дар Тоҷикистон ороми набошад ва бо ин мақсад дурўғгўиву лофзаниро пеша мекунанд.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк мекунанд, ки Пешвои мо ба давлати ҷангзада, бесару сомон сулҳ оварданд, давлати ободнамуда ба як гўшаи биҳишти рўи замин табдил доданд ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ва мардуми тоҷик ҳамеша сулҳ мехоҳанд. Барои як қатор давлатҳо сиёсати сулҳпарваронаи ва таҷрибаи Пешвои миллат намуна мебошад, ки мо аз ифтихор мекунем.
Мардуми Тоҷикистон ҳеҷгоҳ муноқишаву ҷангро бо ягон миллату давлат намехоҳад, аммо вақте, ки ба хоки Ватан ва марзу буми кишвар ягон таҳдид ба вуҷуд меояд ҳамеша омода ҳаст бо ҷону дил ватани худро ҳимоя намояд. Дар замони муосир зиёд кардани яроқу аслиҳа, тиру туфанг ва дигар силлоҳои ҷангӣ роҳи овардани сулҳу субот нест дар замони муосир танҳо дипломатия ва муносибати дўстона метавонад сулҳу суботро таъмин намояд.
Раҳмонов М. М. – Муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети баҳисобгирӣ ва андоз, муаллими калон