Ҷонибдории абарқудратҳо аз мавқеи Тоҷикистон нисбати Афғонистон

Ҳамагон аз он огоҳӣ дорем, ки масофаи умумии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 1344,15 километрро ташкил медиҳад. Аз онҳо, сарҳади дарё 1135,3 километр, сарҳади заминӣ 189,85 километр ва сарҳади кӯл 19 километрро ташкил медиҳад.

Илова бар ин қариб 50 фоизи аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Аз ин лиҳоз, нисбати масъалаҳои руҳдодаистода дар Афғонистон, Тоҷикистон бетараф шуда наметавонад.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки санаи 15 августи 2021 Толибон, ки соли 2001 пас аз вуруди нирӯҳои НАТО таҳти сарварии ИМА ба Афғонистон аз қудрат барканор шуданд ва баъдан дар тӯли бист сол бар зидди раҳбарияти Афғонистон ва сарбозони НАТО муборизаи мусаллаҳона бурданд, дубора назоратро пас аз ҳамлаи қатъӣ дар тӯли тамоми қаламрави кишвар барқарор карданд.

Фоҷиае, ки дар Афғонистон рӯй дода истодааст ба тағирёбии муносибатҳои умумиҷаҳонӣ оварда расонид. Дар чандин солҳои охир «Толибон»  дар рӯйхати гурӯҳи  террористии СММ, ИМА, СҲШ ва СААД ҷойгир шуда буд ва фаъолияти он мамнӯъ эълон шудааст. Аммо имрӯзҳо аз ҷониби кишварҳои алоҳида мақсади эътироф намудани Аморати исломии Афғонистон намудор шуда истодааст.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мавқеи «назоратиро» қарор додаанд.  Мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои  ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии СММ дар пешбурди ин раванд ҳастем.

Дигар ин, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқиёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмиллалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамалакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.  Ягона давлате, ки мавқеи худро доир ба қазияи Афғонистон баён намуд Тоҷикистон мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмааи Созмони Миллали Мутаҳид қайд намуданд, ки  ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳрасти гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти СММ қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.

Аз сӯи ҳаракати «Толибон» иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон  қатъият маҳкум менамояд.

Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.

Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама кишварҳои ҷомеаи Афғонистон  аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он  кишвар дониста мешавад.

Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин борем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.

Мавқегирии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мавқегирии мутамаддини   инсони аҳамияти зиёдро  дорад. Аз назари ҳуқуқи башарӣ бошад мавқеи Тоҷикистон куллан дуруст буда ба усулҳои ҳуқуки байналмиллалӣ содиқ аст.

Имрӯзҳо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки мавқеи Тоҷикистон нисбати Афғонистонро давлатҳои абарқудрати ҷаҳон дастгирӣ намуда истода, дар ин радиф ҳамовоз бо Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҷумла, санаи 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд, ки “Дар Афғонистон «Толибон» бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ​ ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд.​ Ба гуфтаи ӯ, «Толибон» ҳайати ҳукумате, ки аз ҷониби ҳаракат таъсис ёфтааст ҳоло асосан аз гурӯҳҳои паштун иборат аст. Аз ҷониби Президенти Русия қайд гардид, ки “Аммо дар он ҷо тоҷикон ҳастанд, ва аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 40 то 47 фоизро ташкил мекунанд. Бубинед, ин хеле зиёд аст. Баъдан, узбекҳо, ҳазораҳо ва дигарон низ ҳастанд. Бале, ман медонам, ҳоло ҳатто дар ҳайати роҳбарии «Толибон» ҳукумат намояндагони ин гурӯҳҳо ҳастанд, вале на дар нақшҳои калидӣ. Мардум иддао ​ доранд, ки дар низоми идоракунии кишвар ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Ва ин тавозун бояд пайдо гардад».

Ин гуфтаҳо гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Тоҷикистон нисбати ҳодисаҳои Афғонистон мавқеи устувор ва аз назари ҳуқуқи башарӣ мавқеи куллан дурустро интихоб кардааст.

 

Ахмедов Ш.– мутахассиси шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like