МАСХАРАБОЗИИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ
Санаҳои 10-ум то 14-уми октябри соли равон сафари навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ сурат гирифт. Давоми ин сафари расмии хеш Пешвои миллат аввалан ба Шоҳигарии Белгия ва пас аз он ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд. Дар давоми ин сафарҳо вохўриву мулоқотҳо сатҳи баланд бо Президенти Шўрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, Подшоҳи Белгия Аълоҳазрат Филипп, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Имануел Макрон, Раиси Сенати Ҷумҳурии Фаронса Жерар Ларше ва дигарон баргузор карда шуданд.
Дар натиҷаи ин сафар дар Осорхонаи Гинейи ш. Париж намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор карда шуд. Инчунин санаи 14 октябр дар ЮНЕСКО Рўзи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар натҷаи ин сафар масъалаҳои ҳамкориҳои мухталиф ва ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Белгия, Ҷумҳурии Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо дар умум мавриди баррасӣ қарор дода шуданд ва ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф иброз намуданд.
Сафарҳои анҷомдодаи Пешвои миллат ба Аврупо хоинони дар кишварҳои аврупоӣ қарордоштаро ором нагузошт. Чун ҳарвақта онҳо беқарор гашта, бо масхарабозии пешини худ мехостанд аз ҳастии худ дарак диҳанд. Чун онҳо дар бисоти худ чизи дигаре ба ҷузъ танқидкунӣ, сиёҳкунӣ, доду фарёд задан надоранд даст ба тазоҳуротҳо заданд. Онҳо чунин андешиданд, ки шояд тоҷикони дар Аврупо қарордошта ҷонибдорӣ аз онҳо мекунанд. Аммо ин хаёлашон хом буду, хобе буд. Чуноне, ки расмҳо ва видеоҳои дар интернет гузошташуда аз майдони «тазоҳурот»-и онҳо нишон медиҳад боз ҳамон чеҳраҳои пешин ва боз ҳамон даъвогароне буданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиёҳсозии дигарон ва чеҳрасозии худ машѓуланд. Албатта, касе ба онҳо бовар надорад ва касе ба киштии шикастаи онҳо нишастанӣ нест. Аз ин рў, танҳо бо чунин доду фарёдзаниҳо онҳо мехоҳанд таваҷҷуҳи дигаронро бар худ кашанд. Ҳатто аз миёни онҳо чунин пешниҳодҳое, низ садо медод, ки ба Тоҷикистон кўмак ва бо он ҳамкорӣ карда нашавад. Рўз аз рўз ин гурўҳҳо моҳияти аслии худро ифшо намуда истодаанд, ки на танҳо бо нафарони дар қудрат қарордошта ҳатто бо миллат ва давлати худ низ мушкил доранд.
Ҳатто қабули Пешвои миллат дар Фаронса аз ҷониби мухолифон ба танқид кашида шуд, ки гўё раиси ҷумҳурии Тоҷикистон беобрӯ шудааст, зеро ўро ба таври шоиста қабул накардаанд. Албатта вақте дигар нуктае барои баён надорӣ, пас думболи ҷузъиёте меравӣ, ки чандон аҳамияте надорад. Агарчанде Пешвои миллат ба монанди президентҳои дигар кишварҳо қабул карда шуд, аммо ин айбҷўён дар он нуқсон мекофтанд. Ин «қаҳрамонон»-и шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарўза дар назди интернет менишинанд ва беҳтар мебуд, ки пеш аз матлаберо нашр намудан якбор қабули сарварони дигар кишварҳоро дар Ҷумҳурии Фаронса тамошо менамуданд.
Ба ҳар сурат ин рафтори мухолифони тоҷик дар Аврупо як саҳнасозӣ ва як масхарабозиеро мемонд, ки ба андешаи мо ба ҷузъ шармандагӣ барои онҳо чизеро ба армуѓон наовард. Шоҳидони ин ҳолат бори дигар воқиф аз он шуданд, ки мухолифони «воҳимагар»-и тоҷик дар Аврупо кўҳнабисотанд ва дигар ягон шеваи наве ба ѓайр аз танқиду сиёҳкунӣ ва тазоҳуротҳои якрангу якнавохт дар худ надоранд. Бори дигар ин рафтори онҳо дарак аз он дод, ки шумораи онҳо хеле ночиз аст ва онҳо наметавонанд аз мавқеи аксари тоҷикистониён баромад намоянд. Дигар наметавонем моҳияти аслии онҳоро дарк намуда бошем, ки онҳо сиёсатмадоранд ва ё худ масхарабозони сиёсӣ.
Солиев Ш. Х.– муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ