Ҳамкории самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса
13 октябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
Барои истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ саф кашида буд.
Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд.
3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт.
Дар рафти ин боздид баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи сарони давлатҳо оғоз гардида ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номиданд.
Инчунин имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсонию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ муҳокима карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ ба ҳалли мушкилот вобаста ба пандемияи короновирус, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро доранд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва саноат, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст.
Ба иштироки фаъоли ҷониби Фаронса дар азнавсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор, баҳои баланд дода шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвари мо, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ, баррасӣ карда шуд.
Дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.
Зарур шумурда шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.
Раванди ҳамкории ду кишвар нишон медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳури Фаронса дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаааст. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф қайд намуда, омодагии хешро барои дар оянда густариш додани самтҳои дигари манфиатноки дуҷониба иброз намуданд.
Вобаста ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса бархе аз аъзоёни гурўҳҳои дар кишвари мо мамнуъгардида ва таҳти сарпарастии хоҷагони хеш фикру андешаҳои ғаразноки худро мисли пештара тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ баён намуданд.
Онҳо аз ин сафар ва пешвозгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷумҳурии Фаронса хеле асобонӣ шуда, чикор карданашонро ба ҷуз дод задан надонистанд. Онҳо гумон карданд, ки дар шабакаҳои интернет ҳар гуна дурўғу туҳматҳоро нисбати давлату миллат, ҳукумату президент нависанд бо кишвари мо дигар ҳеҷ кас ҳамкорӣ намекунад. Вале онҳо хато кардан ва бори дигар диданд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро натанҳо дар кишвари мо балки дар хориҷи кишвар ва аз он ҷумла дар Аврупо мепазиранд ва дастгирӣ менамоянд. Устувории кишвари моро таҳти сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, дар самтҳои мухталиф ҳамкорӣ ва сармоягузории дарозмуддатро бештар менамоянд.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки на Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса ҳеҷ ниёз ба маслиҳатгару «сиёсатдон» ба мисли ин намояндагони гурўҳҳои ғайриқонунӣ амалкунанда, дар шабакаҳои интернетӣ надронанд, зеро барои маслиҳату машварат дар сохтори ҳар як давлат мушовирон мавҷуд ҳастанд, ки маслиҳату машварати заруриро ба сарони давлатҳои худ медиҳанд.
Хуб мешавад агар ин шахсони гумроҳгашта роҳи нодуруст интихоб намудаи худро харчӣ барвақтар дарк намуда, аз роҳи туҳмату бадгўии давлату ҳукумат даст кашида, бо меҳнати ҳалол роҳи зиндагии худро ёбанд. Дар ободонии Ватан ҳам набошад ақалан хонаю дари худро обод намоянд, ки он ҳам як гушаи ин диёри биҳиштосо мебошад.
Давлатов У.Н.-ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ