Омоданамоии хатмкунандагон ҷиҳати таъмин бо ҷойи корӣ

Шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон  дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ таҷрибаомўзии муҳассилинро дар ташкилоту муассисаҳо  самаранок ба роҳ монда бо ҳамкорон ҳамкориҳои  судмандро густариш мебахшад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Форуми ҷумҳуриявии иқтисодӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дар донишгоҳ баргузор гардид, соҳибкорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани хатмкунандагон дар форуми мазкур бо  беш аз 10 корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла бо ҶДММ “Фаровон” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар доираи ҳамкориҳо ҳафтаи сипарирагдида намояндагони ширкати мазкур бо донишҷӯёни хатмкунандаи факултетҳои донишгоҳ мулоқот доир намуданд.Ҳадафи мулоқоту вохӯриҳо омӯзиши таҷрибаи кории мутахассисони варзида, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, шароити мусоид фароҳам овардан барои дарёфти ҷойи корӣ инчунин бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон, дар мулоқот бо ширкати корфармоён бо мақсади муайян намудани сатҳи дониш ва малакаву маҳорати донишҷӯён аз онҳҳо тестҳои санҷишӣ гирифта шуд. Дар ин вохӯрӣ беш аз 300 нафар донишҷӯёни соли чорум ширкат варзиданд. Баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо ташкилоту идораҳои ҳамкор идома хоҳад кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


 

You might also like