Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз рузҳои аввали таъсиси СҲШ доимо масъалаи бухрони Афғонистонро дар сархати рўзномаи маҷлиси созмон ба миён гузошта вазъиятро пешгўи мекарданд.

Дар вазъияти ҳозираи Афғонистон аъзоёни СҲШ ва дигар кишварҳои ҷаҳон дурустии мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро дарк намуданд.

Имсол 20 – умин солгарди таъсиси СҲШ қайд карда шуда истодааст, ки созмон соли 2000 – ум дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд.

Дар саммити Душанбе бо пешниҳоди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон «Панҷгонаи Шанхай» ба созмони минтақавӣ ва байналхалмиллалӣ табдил дода шуд.

Дар Эломияи Душанбе қайд карда шуд, ки ҷонибҳо якҷоя дар мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, экстримизм ва ҷудоихоҳии милли ҳамкорӣ намоянд.

Дар давраи аз соли 2001 то имрўз СҲШ  зиёда аз 1400 санад қабул шудааст, 47% онҳо ба соҳаи амнияи дахл доранд.

Воқеияти кунунии бўҳрони Афғонистон СҲШ-ро водор месозад, ки он фаъолнокии бештар нишон диҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба вазъи баамаломадаи Афғонистон изҳор намуда таъкид намуданд, ки дар кишвари ҳамсоя як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалияти миллӣ таъсис дода шавад.

17.09.2021 нахустин мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва  Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад.

Афғонистон аз 7.06.2012 дар СҲШ ба ҳайси нозир назируфта шудааст. Кишварҳои узви ин созмон ҳукумати «Толибон» – ро ҳоло ба расмият нашинохтаанд. Инчунин сарони кишварҳои Эрон, Туркия, Франсия ва дигар давлатҳои ҷаҳон  ҳукумати барпонамудаи Толибонро  эътироф накардаанд.

Роҳбарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

Абдуллоев О. О.- дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

You might also like