Дурӯғу ҳиллаҳои Кабирӣ оиди Афғонистон
Яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаҳони муосир вазъи ноороми кишвари ба мо ҳамсоя- Афғонистон маҳсуб меёбад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Мулоқоту гуфтушунидҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарварони давлатҳои дигар дар Душанбе дар мавриди вазъи Афғонистон дар сатҳи олӣ барузор гардиданд. Зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону дигар кишварҳо, инчунин, дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот ҷонибҳо аз вазъи Афғонистон мавқеъгирӣ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишастҳои дипломатӣ дар робита ба авзои сиёсию иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид доштанд, ки «мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем».
«Риояи манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини Афғонистон, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому эътирофи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ амри зарурист. Бар ин назарем, ки маҳз чунин муносибат метавонад ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон мусоидати ҷиддӣ намояд»,- афзуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони васоити ахбори омма. Ҷониби Душанбе барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳалл гардад.
Пешвои муаззами мо сарвари адолатпешаю инсонпараст ва дурбин ҳастанд, ки масъалаи таъмини амнияти кишвари худро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ касб кардаанд. Чун дар Тоҷикистони озоду гул-гул шукуфон зиндагӣ менамоем, ҳар рӯзу ҳар соат шукрона мекунем ва намехоҳем, ки ин ҳаёти осудаи моро касе халалдор намояд. Вале бадхоҳони Ватан ёфт мешаванд, ки мехоҳанд мардуми тоҷикро гумроҳ намоянд.
Дар сомонаҳо, телевизион ва радио дар аторофи дурӯғу фиреб ва иғвоҳои М.Кабирӣ оид ба низои Афғонистон баҳс рафта истодааст. Сомонаҳои иғвоангезӣ наҳзатӣ ҳаргуна хабарҳои бадномкунанда оиди мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Толибону Панҷшер паҳн менамоянд. Нияти ин шахси нопок ранги Толибон дар Тоҷикистон ба сари қудрат омадан аст. Мавзўи нави иғвои онҳо масъалаи Афғистони ҷангзада мебошад.
Ӯ ҳаргиз ба ҳамкорӣ тайёр нест, баръакс, ӯ тоҷиконеро, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунанд тобеи худ менамояд, он нафароне, ки норизо ҳастанд, бераҳмона мекушад. Аз ин лиҳоз ҳама тоҷикони Аврупо аз ӯ норозӣ мебошанд. М.Кабириро дар интернету сомонаҳо ҳамчун инсони бадзабон, ғайбатгару фиребгар мешиносанд.
Кабирӣ ба саволҳо рӯирост ҷавоби дурӯғ медиҳад, агар ба фазои иттилоотӣ нигаред, як гурӯҳи калони муштараки ҳамоҳангшуда барои ҷавобнависӣ, таҳқиркунӣ ва сиёҳкунии шахсоне, ки зидди наҳзат ягон ҳарф мегӯянд, доиман фаъолона кор мекунанд. Тарзи рафтор ва сабки онҳо ба ҳамаи корбарон маълум аст.
Аз ин лиҳоз аз мардуми фарҳангдӯсту, маърифатпарвари кишвар хоҳиш менамоям, ки ба доми гапҳои фирефтаю бардурӯғи наҳзатиҳо наафтанд. Сулҳу ваҳдати кишвар ба осони ба даст наомадааст. Бисёр сиёсатмадорони барҷастаю абадмард барои осоиштагии кишвари мо ҷони худро нисор кардаанд. Мо бояд нагузорем, ки чунин хоинони миллат ба монанди М. Кабирӣ ва дигарон ҳаёти осудаи моро халолдор намоянд.
Азимова Н.С. – н.и.п., дотсенти кафедраи
фанҳои риёзӣ- табиатшиносии муосири ДДҲБСТ