Тоҷикистон ба вазъияти Панҷшер бетараф нест
Таваре аз расонаҳои расмӣ маълум аст аз тарафи “Толибон” забт шудани Афғонистон тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Маълум аст, ки Толибон бе ягон монеа давлати Афғонистонро забт намуда онро ҳамчун аморати исломӣ эълон намуда қонуну қоидаҳои хешро ҷори карданианд.
Аҳолинишини афғон ва дигарон аз чунин ҳолат норозигиашонро баён намуда истода бошанд, ҳам лекин “Толибон” мехоҳанд дар асоси қонуну шариатҳои ислом давлатдориро ба роҳ монад.
Яке аз мушкилиҳое, ки дар қаламравӣ Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст ин вазнин шудани таъмини аҳолӣ бо маводҳои хўрокаю пўшокиҳо мебошад. Дар баробари ин низ дар вилояти Панҷер задухўрди аҳолинишини вилоят ва “Толибон” ба вуҷуд омада истод, ки ин ягона роҳест таъминот бо маводҳои зарурияти аввалия мебошад. Дар ҳолати пешгири накардани ин воқеъият ба мардуми афғон вазинӣ оид ба таъмин будан бо маводҳои аввалия мешавад.
Ин ҳолатро фаҳмида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яктарафа нашуда кўшиш намуда истодааст, ки роҳи ҳалли ин муамморо дарёф намояд.
Тавре аз расонаи расмии АМИТ “Ховар” маълум гардид зимни ташрифи расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон дар масъалаи Панҷшер ва тоҷикони Афғонистон шуълаи умед бахшид. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон Тоҷикистон ва Покистон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар баробари ин масъалаи мазкур дар вохурии сарони кишварҳои узви СААД ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ гардида дар масъалаи баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикони Афғонистон дар шаҳри Душанбе ва дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста пайдо кардани тоҷикон ва дигар қавмиятҳои сокини он кишвар мусоидат хоҳад кард.
Чунин амалҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам меорад, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳалли худро гардад.
Ҷолиби қайд аст, ки мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масъалаи Афғонистон аз рӯи принсипи адолату бародарӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо гузошта шуда истодааст.
Мутаасифона аз мавқеи расмии Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифин ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо норозиги хешро баён намуда ҳаргуна гапҳои бардурўғро паҳ намуда истодаанд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мардуми тоҷик ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳалли масъалаи мазкур батарафӣ зоҳир накарда баръакс кўшиш намуда истодаанд, ки то тавонад дар мўҳлатҳои кўтоҳ тарин ин муаммо ҳалли худро ёбад.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ