Тоҷикистон – ҷонибдори ҳалли осоиштаи  мушкилот дар Афғонистон

Пешравии ҳар кишвар, пеш аз ҳама, аз суботу оромӣ ва амнияти миллӣ вобастагии бевосита дорад. Маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки мардум сарҷамъона дар амалӣ сохтани ҳаргуна барномаву стратегияҳо муттаҳид гардида, тамоми неруи хешро дар тадбиқи онҳо сафарбар намоянд. Баъди солҳои 2000-ум низ қадам ба қадам амалӣ гардидани барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки оқибати сангину нанги ҷанги дохилиро аз сар гузаронидааст ва ба ягон давлати дигар намехоҳад, ки бо чунин мушкилоти сиёсӣ рӯ ба рӯ гардад. Вобаста ба он, ки даҳсолаҳои охир дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон ҷанги дохилӣ идома дорад, Тоҷикистон пайваста роҳи ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву низомии ин кишварро аз тамоми созмону кишварҳо тақозо менамояд. Зеро идома пайдо намудани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ба кишварҳои минтақа таъсири харобиовар дорад. Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нооромӣ дар Афғонистон амнияту суботро дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба таври ҷиддӣ халалдор мегардонад. Яъне, дар ҳолати ба эътидол наомадани вазъ дар ин кишвар он метавонад ба маркази омода гардидани ҳаракату созмонҳои ифротиву террористӣ гардад, ки сурати воқеӣ пайдо намудани ин ҳолат барои кишварҳои ҷаҳон, махсусан нисбати ҳамсоякишварҳо хатарро боз ҳам бештар менамояд. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охирони сарони давлатҳои аъзои Созмонҳои Ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тақозо намуданд, ки муноқишаи дохилӣ дар ин кишвар ҳарчи зудтар қатъ карда шуда, дар таъсиси Ҳукумати нав манфиатҳои ҳамаи халқиятҳо, аз ҷумла тоҷикон, ки қисми назарраси аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, ба эътибор гирифта шавад. Ҳамчунин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ таъкид намуданд: «Мо таъсиси ҳукумати ҳамашумул ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокини Афғонистонро  омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистем». Гузашта аз ин сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон ва Эрон ба мувофиқа расиданд, ки ба баргузории мулокот байни тоҷикон ва толибон дар шаҳри Душанбе мусоидат намоянд. Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягона ҳалли мушкилоти Афғонистон гуфтушунид байни ҷонибҳо ба ҳисоб меравад. Зеро таҷрибаи ҷангҳои дохилӣ дар бисёри кишварҳо собит намудааст, ки роҳи низомии ҳалли мушкилот пойдору устувор нест. Баръакс маҳз бо роҳи гуфтушунид метавонад аз мушкилоту дархости ҳамдигар ба таври ошкор воқиф гардида, ба ҳалли онҳо ба мувофиқ расид.

Ин навбат бори аввал нест, ки Роҳбари кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон роҳу воситаҳои муассиро пешниҳод доранд. Дар ду даҳсолаи охир борҳо ҳангоми баромади хеш аз минбарҳои созмону ташкилоти ҷаҳонӣ аз ҷомеаи ҷаҳони ҳалли осоишта ва ғайринизомии мушкилоти ин кишварро тақозо дошта буданд ва то ба имрӯз  дар ин мавқеи хеш устувор мебошанд.

Умедворем, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат ва кишварҳои Покистону Эрон баргузории мулоқоти тоҷикону толибон дар Душанбе барои ба эътидол овардани вазъ дар ҳамсоякишвар таъсири мусбӣ гузошта, ба таҳкими суботу оромӣ дар минтақа ва амалӣ гардидани тарҳҳои иқтисодии муштарак мусоидат менамояд.

Шӯҳрат Саидзода – устоди ДДҲБСТ

You might also like