Тоҷикистон ҷонибдори сулҳи кишвари дўст ва ҳамҷавори Афғонистон дар СҲШ ва СААД
Бо раванди мураккаб гардидани фазои сиёсии ҷаҳони муосир ва низоъҳои дохилидавлатии баъзе кишварҳои дунё, амнияту суботи инсоният зери хатар мондааст. Дар натиҷаи бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ва маблағгузории гурӯҳҳои манфиатдор густариши ҷараёнҳои террористию экстремистӣ ҳануз ҳам идома дошта, дар як минтақа қисман нобуд мешавад ва дар минтақаи дигар сар мебарорад. Мусаллам аст, ки агар як мамлакат ноамн бошад, ҳатман таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хоҳад расид. Аз ин ҷост , ки таҳдиду хатари терроризми байналмилалӣ дар замони муосир хусусияти фаромиллиро дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи он кишварҳост, ки алакай солҳои дароз ба майдони рақобати давлатҳои абарқудрат табдил ёфта, таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Қариб рӯзе нест, ки расонаҳои хабарӣ оиди таркиш ё амали террористӣ дар қаламрави Афғонистон нагуфта бошанд. Афзоиши гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва нуфузу таъсири онҳо ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии Афғонистон, мушкилоти амниятии ин кишвар ва минтақаро дучанд кардааст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти расмӣ зиёда аз 21 гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз қабили “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ал–қоида”, Толибон, “Таҳрики Толибони Покистон”, “Сипоҳи саҳоба”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқии Чин, “Сарбозони хилофат”–и Қазоқистон, ДОИШ ва ғайра дар қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ки бевосита омили асосии бесуботии сиёсӣ дар ин кишвар ба шумор меравад. Ҳ у зури ҷангиёни ба ном “давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон нооромиро дар ин кишвар густариш дода, ба давлатҳои минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт, ки интиқол ёфтани гурӯҳи террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон таҳти нақша ва сарпарастии неруҳои хориҷӣ сурат гирифта, ҳадафашон на танҳо Афғонистон, балки ноором сохтани кишварҳои минтақа мебошад, зеро аксарияти ҷангиёни ДОИШ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон масъалаи актуалии байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ҳамеша тарафдори сулҳи пойдор дар ҳамсоякишавари Афғонистон аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ тамоми кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро ба он даъват менамоянд, ки нисбати қазияи Афғонистон бетараф набошанд ва ҳар чи бештар кӯмаку талошҳои худро барои истиқрори сулҳ дар ин кишвар равона созанд, зеро амнияти Афғонистон кафили суботи минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар мулоқот бо Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, Ёрдамчии Президент – Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманкулов, Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид, Котиби шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев, Муовини котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Ғиёсов Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нишасти имрӯзаи сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзо аҳамияти калон медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Раванди сулҳ бисёр мураккаб аст ва ман ин нуктаро аз таърихи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон мегуям. Таҷрибаи раванди сулҳи тоҷиконро бояд меомӯхтанд, чунки қазияи Афғонистон бо он ҷанги шаҳрвандие, ки дар кишвари мо буд, бисёр ҳам монанд ва қариб тавъам аст. Мо ҷиҳати кумаку мусоидат ба мардуми Афғонистон ва кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя дар замони истиқлолият кушишҳои зиёд ба харч дода истодаем ва боварии комил дорам ки он рӯз дур нест, ки сулҳу амонӣ дар ин кишвари ҳамсоя пойдор мегардад».
Дар марҳилаи муҳими омодагӣ ба Саммити Душанбе дар соли 2021, пурсамар хоҳанд буд ва барои пешрафти масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд
Бале, умед аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманду самарабахши минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, Афғонистон дар наздиктарин фурсат ба сулҳ хоҳад расид ва суботи комилро ба даст хоҳад овард.
Шамсиев Ф.К. – н.и.и., дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ