ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ бар зидди зуҳуроти номатлуб, ки бар зидди амнияти давлату ҷомеа ҳастанд мунтазам мубориза мебарад.
Ҳанӯз соли 1989 дар кишвари азизи мо бар зидди ҳамин гуна падидҳои номатлуб, яъне терроризм ва экстремизм санадҳои зарурии меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шуда буданд. Дар ин бора мо метавонем санадҳои қабулкардашударо нишон диҳем. Аз ҷумла соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи мубориза бо терроризм» қабул гардида буд. 21-ноябри соли 2003 бошад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи мубориза бо экстремизм» қабул гардид.Тавассути қабул намудани ҳамин гуна санадҳои меъёрӣ имкониятҳои зиёди мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм паййдо гардиданд Дар ин замина бояд зикр намуд, ки таи солҳои 1997 инҷониб 14-гурӯҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби қувваҳои қудратии кишвар несту маҳв карда шуданд, ҳамчунин фаъолияти 12 ҳаракати ҳизб ва гурӯҳҳои экстремистии ифротиву тундгаро дар қаламрави кишвар манъ карда шуданд. Ҳодисаҳои нангине, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби гӯрӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ рух доданд ба зудӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии кишвари азизамон маҳв карда шуданд.
Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст.
Сабабҳои муваффақияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи зидди терроризм ва экстремизмро метавонем чунин шарҳ диҳем:
- Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи СММ ва СҲШ қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод.
- Тоҷикистон аз байни давлатҳои ИДМ, СААД, СҲШ дар ҷабҳаи авали мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад.
- Таъсиси сохтори зиддитеррористӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2004 ба Тоҷикистон имконият дод, ки муборизаро бо терроризм ва экстремизм боз ҳам пурқувват намояд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар ҷашни 15- солагии Иҷлосияи 1- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта буданд “Мо дар санадҳои дар иҷлосия қабулшуда ва мавқеи усулии худ собит сохтем, ки мақсадҳои Тоҷикистон доир ба таъмини амнияти минтака ва ҷаҳон, пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣва мубориза бар зидди онҳо ҳамчун хатрҳои нави глобалӣ бо ҳадафҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла кишварҳои Аврупову Осиё комилан мутобиқат доранд.Ҷаҳониён тадриҷан дарк карданд, ки нодида гирфтани хатари фаъолияти гурӯҳҳои мазкур метавонанд фазои кишварҳои ҳамҷавори Тоҷикистон ва ҳатто аз он дурро низ ноором созад, ки ин яке аз ҳадафҳои таҳиягарон ва коргардонҳои фоҷиаи Тоҷикистон буд. Зеро дар он кишварҳо қувваҳо ва ва гурӯҳҳои тундравениз ошкору пинҳон фаъолият мекарданд, ки ба идомаи нооромиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд буданд ва мехостанд қаламрави онро ба пойгоҳи минбаъдаи густариши амалиёти террористии худ дар минтақа табдил диҳанд
Ба ҳеҷ кас пушида нест, ки солҳои тӯлонӣ сарзамини Афгонистон ақибгоҳи нерӯҳои ифротии минтақа буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт хизмат мекард. Вале давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, сарфи назар аз ҳисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар бовар ҳосил кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанӯз соли 1998 дар иҷлосияи 20-уми махсуси СММ ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода ташкили минтақаи амнияти гирдогирди Афгонистонро пешниход карда будем. Тоҷикстон дар марҳилаи кунунни рушд имкониятҳои фарох дорад, то ки амнияти миллии худро комилан таъмин созад ва ҳамчунин дар минтақа чун давлати озоду демократӣ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти ифротӣ муборизаи беамон барад.
Алимов Б.Ҳ. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ