ҶАВОНОН ВА ЗАМОН

Кор бо ҷавонони кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад ва татбиқи босамари он ба таври мунтазам дар маркази таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Пойдевори татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ва сарчашмаи ғизои маънавию моддии амалишавии он маҳз аз ҳидоят, дастгирию ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони кишвар баҳра мегирад. Қобили зикр аст, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нишондиҳандаҳои муайян – инъикоси рушдёбии соҳа аст.

Маблағгузории Барномаи миллии ҷавонони кишвар назар ба давраи солҳои аввали истиқлолият 10 маротиба зиёд гардидааст. Ҳамзамон, теъдоди инфрасохтори дастгирии давлатии ҷавонон, ба монанди бунёди мактабҳо, китобхонаҳо, марказҳо, толору майдонҳои варзишӣ ва ғайра сол аз сол зиёд мегардад.

Иштироки фаъоли ҷавонон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, мунтазам ҷалб намудани онҳо дар таҳия ва амалигардонии барномаҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ низ аз масъалаҳои мубрам мебошад. Инчунин, вобаста ба васеъ гардонидани имконоти амалии ҷавонон тавассути такмил додани иштироки фаъолонаи онҳо дар масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба воситаи ҳаракатҳои ҷавонон, марказҳои ҷавонон, ҷалби доираи васеи онҳо ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ба роҳ гузошта мешавад.

Бобати роҳандозии сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои асосӣ – ин таъмини иштироки ҷавонон дар рушди фарҳанг ва бар ин васила тақвият бахшидани китобхонию инкишоф додани маънавият дар байни насли наврас ва ҷавон мебошад. Хониши китоб ба ҷавонон на танҳо илму маърифат, ҳамзамон иродаи қавӣ, хулқу атвори инсонӣ, одоби хамида, таҳаммулпазирӣ ва поктинатӣ мебахшад.

Дар шароити тезутундшавии муносибатҳои геополитикии ҷаҳон, аз ҷумла таҳдидҳои кишварҳои абарқудрат нисбат ба кишварҳои дар ҳоли рушд буда андешидани тадбирҳои таъхирнопазири таъминкунандаи амнияти давлат ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ, бахусус, маърифатнок гардонидани аҳли ҷомеа ва ба ин васила дар руҳияи ватанд ўстӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, пос доштани сулҳу субот ва ягонагии кишвар тарбия намудани ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мегарданд. Дар ҳоле, ки аксарияти аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва муайянкунандаи самтҳои ҳаёту фаъолияти ояндаи ҷомеа маҳсуб мегарданд, соҳибмаърифатӣ, доштани хиради волои сиёсӣ, дониши баланди ихтисосӣ ва қавииродагии онҳо боиси қудратмандии Тоҷикистон шуда метавонанд.

Солҳои охир дар саросари ҷаҳон зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм, (экстремизм – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш аз ҳад зиёд. Ба экстремизм ҳам шахсони алоҳида ва ҳам ташкилотҳо мансуб шуда метавонанд. Дар байни мафҳуми экстремизми сиёсӣ иғвои нооромиҳои ҷамъият дар назар дошта мешавад.), терроризм, (терроризм – сиёсате, ки дар асоси з ўроварии мунтазам истифода бурда мешавад. Синонимҳои «террор» аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш тарс, воҳима мебошад. Ҳамчун идеологияи з ўроварӣ, таъсири манфӣ расонидан ба фикрронии аҳолӣ, нисбати қабули қарорҳои ташкилотҳои давлатӣ ва байналхалқӣ бо роҳи тарсонидан, фишор овардан ба ҷомеа истифода бурда мешавад), радикализм ва дигар равияҳо зиёд гардида, ҷомеаи ҷаҳониро таҳти таҳдид ва нооромӣ қарор додаанд. Ташвишовар он аст, ки дар ин раванди номатлуб ба сифати аслиҳаи асосӣ ҷавонон, ки ҷисман қавию зеҳнан камтаҷриба мебошанд, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар навбати худ, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ барои манфиатҳои махфии гур ўҳи муайяни ниҳодҳои қудратманд бо мақсади гирифтани даромадҳои молиявии бузург ва баланд бардоштани нуфузи сиёсии худ аз қувваи ҷавонон истифода менамоянд. Бинобар ин, баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, дар асоси он тарбияи комили онҳо ҳамчун нер ўи пуриқтидор ва пояндаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, яке аз усулҳои тарбияи комил, маърифатноксозӣ ва эмин доштани ҷавонон аз ҳама гуна падидаҳои номатлуб – ин соҳиби шуғл будани онҳост. Аз ин рў, фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғлмандии насли ҷавон, дар ин васила тарбия ва омода намудани онҳо дар роҳи худташаккул, эмин будан аз рафтору кирдорҳои номатлуб, муқовиматнокӣ ба тазодҳои ҷомеаи муосир низ яке самтҳои асосии тарбияи ҷавонон мебошад.

Яке аз василаҳои устувори талқини идеология – ин ҳавасмандгардонии маънавӣ ба ҳисоб меравад, ки он дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ё истеъдодҳои ҷавон ба амал бароварда мешавад.

Яъне, бо амалӣ кардани барномаҳои гуногун дар самти дастгирӣ ва қадршиносии лаёқати ҷавонон бо назардошти ҷанбаъҳои идеологӣ, онҳоро метавон руҳбаланд сохт ва дар рўҳияи ватанд ўстӣ, худшиносӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ тарбия намуд.

Дар воқеъ ҷавонон баробари қувваи пешбарандаи ҷомеа будан, сарвати асосии идеологии ҳар як давлат низ ба ҳисоб мераванд. Аз назари идеологӣ, таълим додану тарбия намудани ҷавонони кишвар далели он аст, ки онҳо худро ба нер ўи мағлубнашаванда, ватанд ўст, хайрхоҳ ва таҳаммулпарвар мусаллаҳ мегардонанд.

Бо мақсади самаранок амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан масъалаҳои риоя ва таъмини ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, к ўмаки моддию молиявӣ, беҳтар гардонидани шароити зист, дастгирии таҳсили ҷавонон, мусоидат ба шуғли мутахассисони ҷавон, ҳамкориҳои байналмиллалии ҷавонон бояд кормандони ташкилоту муассисаҳо, устодони мактабҳои миёна ва олӣ, кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ва падару модарон пурра сафарбар карда шаванд.

Маъруфов Ф.К. – муаллими кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like