Сўйистифода аз мазҳаб боиси гумроҳист!
Яке аз масъалаҳои ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терорризму экстремизм ва зиёдшавии шиддатноки гурўҳҳои ифротгаро мебошад. Мутассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бар канор нестанд. Мисоли равшани онро мо метавонем дар фаъолияти аъзоёни ҲНИ, мушоҳида карда бошем, ки то соли 2015 ҳамчун ҳизби қонунӣ дар ҳудуди мамлакати мо ташвиқот бурда, шаҳрвандонро озодона ба сафи худ даъват менамуданд. Аз ҳайати Ҳизби наҳзати исломи ошкор шудани шахсони ифротгаро, ки ба ташкили ҳаракатҳои терористӣ мусоидат менамуданд, назари моро ба ин ҳизби демократихоҳ дигар кард. Ҳизбе, ки барномаи худро бо мақсади таҳкими ғояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявиятгаро ва демократихоҳ навишта буд, акси он амал мекард.
Чунин амалҳоро дар рафтори Ҳоҷӣ Ҳалим Назаров ва пайравони ў мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҷавононро имрўз гумроҳ сохта ба хиёнати ватан даъват менамояд. Зиёдшавии теъдоди ашхосони хиёнаткор, ташкили шўру ошубаҳо, хусусан аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ аз асли рунҳои дину диёнат, оқибат ба ҷангу ҷидол, парокандагии халқу миллат ва таназзули давлат, пастравии иқтисодиёт, ки ба ин васила барои аз байн бурдани давлати мустақилу миллати тоҷик заминаи мусоид мешавад, оварда мерасонад.
Инчунин, хамроҳшавии полковники Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайати гурўҳҳои исломие, ки аз ҷониби аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон ҳамчун гурўҳи террористӣ шинохта шудааст, мардуми тоҷикро ба ҳайрат овард. Ў дар баромади худ тавассути шабакаҳои интернетӣ зикр кардааст, ки дар оянда бо гурўҳи «ҷиҳодчиён» ба Тоҷикистон бармегардад ва ин сарзамини биҳиштосоро бо хоку хун оғушта карда, ба хилофат табдил медиҳад. Чунин кирдори беҳаёву разили шахси мансабдор нафрати кулли тоҷикистониёнро ба миён овард.
Дар ин ҷо ба ҷуз аз бо роҳи ғайриқонунӣ ғасби ҳокимият кардан фикри дигаре ҳам нест, ки тарғиби чунин кирдорро дар дини ислом дидан номумкин аст. Ин чӣ рафторест ношоям, ки бо суйиистифода аз мансабу мазҳаб атрофиёнро ба гумроҳӣ мерасонад. Даст задан ба амалҳои номатлуб, ки яке ҳамчун аъзои фаъоли ҲНИ дигаронро ба терорризм ва дигаре аз номи поки дини ислом мардумро ба амалҳои акси меъёрҳои он даъват менамояд, албатта, зери мазаммати давлату ҳукумат, алалхусус ҷомеа қарор мегирад.
Қатъ кардани фаъолияти ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами устуворест, аз ҷониби ҳукумат баҳри нест кардани тарғиботу ташвиқоти гурўҳҳои террористиву экстремистӣ ва амнияти дохиливу байналхалқӣ.
Дар навбати худ шаҳрвандон бояд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна равияву ҳаракатҳое, ки аз номи ислом бар зидди ислом баромад мекунад, шомил нашаванд. Баръакс онҳо метавонанд дар ошкорсозии чунин гурўҳҳо саҳми хешро гузошта, ба ин васила содиқияти хешро ба давлату миллат иброз намоянд. Имрўз вақти он аст, ки мо ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро ба таълими илму ҳунар водор созем. Сулҳро чун бузургтарин неъмати рўи олам эҳтиром карда, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагии хешро пеш барем.
Темиров Комронбек – муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ