Изҳороти раёсат ва ҳайати омȳзгорону донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нисбат ба пайравони ТЭТ ҲНИ
Раёсат ва ҳайати омȳзгорону донишҷȳёни ДДҲБСТ афкору ақидаҳои разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ, махсусан, Муҳиддин Кабирию дигар ҳаммаслаконашро қатъиян маҳкум менамояд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то баста шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан ба мисли донаи гандум саҳме нагузоштааст, ки инро вақт ҳамчун ҳаками бузург собит кард.
Маҳз бо мақсади таҳкими сулҳу субот ва танинанзодии ваҳдати миллӣ ба ин разилон, ки ба парокандагии миллат мусоидат карда буданд, имтиёзҳо дода шуда буд. Ин ношукрон бошанд дирўз ва имрӯзҳо низ ба як манбаи даҳшатафканиву террористтайёркунӣ табдил ёфта, бо истифода аз номи дини мубини ислом амалҳои разилона мекунанд. Ин нохалафон боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шуда, мардумро ба сӯи нооромиву ноумедиҳо мекашанд. Имрўз аъзову пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ, пеш аз ҳама собиқ раиси ин ҳизб пешрафту шукуфоии Тоҷикистонро дида натавониста, байни мардум фитнаандозӣ намуда, дар хориҷи кишвар истода, хостори барангехтани кинаву низоъҳо гашта истодаанд.
Ягон ҷойи пӯшида нест, ки маҳз дар ангезиши алангаи ҷанги бародаркуши соли 1992 нақши босазоро Ҳизби наҳзати исломӣ бозид. Маҳз аъзоёни ин ҳизб дар давраи аз 27 март то 27 ноябри соли 1992 силоҳ дар даст барои амалӣ намудани ғояҳои ифротгароӣ фаъолият бурданд. Дирўзу имрўз ғоя ва ҳадафи асосии ҲНИ ин касб намудани ҳокимияти қонунии Тоҷикистон ва ташкили давлати бо ном исломӣ буд. Давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Террорист дар куҷое, ки ҷиноят содир накунад вай террорист аст. Ашхосе, ки чунин ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро дар дилхоҳ кишвар содир мекунанд, ҳатман тибқи қонунгузории ҷиноятии он давлат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Бинобар ҳамин ҳам соли 2016 ҲНИТ ба Феҳристи ташкилотҳои террористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ ворид карда шуд.
Мо кулли устодону командон ва муҳассилини ДДҲБСТ баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроии ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат баста, зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик буда, аз ин бешарафони бадтинати намакзада дурӣ ҷуста, намегузорем фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд созанд.
Раёсат ва ҳайати омȳзгорону донишҷȳёни ДДҲБСТ