МУАММО ДАР ХУДИ ТЭТ ҲНИ АСТ НА ДАР ДИГАРОН!
Фаъолияти ҳар як ташкилоту ҳизбҳои сиёсӣ, новобаста аз самти фаъолият, бояд ба нафъи давлату миллат равона гашта бошад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ шахсоне бояд бошанд, ки мардум нисбат ба онҳо эътимод дошта, ҳамчун шахси баобрӯ ва ҳимоятгари манфиату ҳуқуқҳои хеш вакил интихоб намояд. Мутаассифона, на ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони онҳо ба нафъи Ватану миллат содиқона ва софдилона хизмат мекунад.
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна нуфӯзи гурӯҳҳою ҳизбҳои сиёсии иртиҷоӣ афзуд. Яке чунин вазъиятро ба бедор гардидани ҳисси ифтихори миллии халқҳои минтақа арзёбӣ карда бошад, дигаре онро ба нафъи хеш истифода мебурд. Дар чунин як давраи ҳассос ба арсаи сиёсат гурӯҳҳое ворид шуданд, ки мақсади асосиашон ноором гардонидани авзои ҷомеа ва ба ин васила расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ буд. Роҳбарони чунин гурӯҳҳо бо ҳидоят ва дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон мардуми оддиро бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мешӯронданд. Натиҷаи ҳамин сиёсати ҳадафманди шахсони алоҳида буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолоро буҳрони сиёсӣ фаро гирифт. Хушбахтон, роҳбарияти тозаинтихоби кишвар бо сиёсати хирадмандонаю созандаи худ ва бо такя ба хиради азалии мардуми тоҷик тавонист Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандонро кафолат дод. Вале ин озодиро гурӯҳҳои алоҳида ба таври худ қабул карданд. На ҳама ба қадри ин озодӣ ва тинҷиву амонӣ расид. Тоҷикистон ягона давлати пасошӯравиест, ки дар қаламрави он ба ҳизби исломӣ – Ҳизби наҳзати исломӣ иҷозати озодона фаъолият дода шуда буд. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёбӣ фаъолияти худро танҳо ба хотири ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самти фаъолияташро то имрӯз дигар накардааст. Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҳукумати мамлакат шароит фароҳам овард, то роҳбарияти ҳизб иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз кору фаъолият намоянд. Мутаасифона, онҳо ношукрӣ карда, амалҳои иғвогаронаи худро идома додан ва имрӯз низ давом дода истодаанд.
Сокинони мамлакат тавассути шабакаҳои телевизионӣ амалҳои ғайриинсонии баъзе аъзои ҲНИ–ро бо чашми сар диданд. Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин ҳама барои бадном намудани ҲНИ роҳандозӣ мешавад. Баръакс, он наворҳое, ки пахш гардиданд, маҳз бо хоҳиш ва талаби мардуми аз дасти аъзои ин ҳизб ҷабрдида пешкаши тамошобин гардидаанд. Агар мақсади роҳбарияти ҲНИ таҳкими сулҳу субот ва тарбияи дурусти ҷавонон бошад, пас чаро баъд аз намоиши ин наворҳо аъзои гунаҳгори худро даъват карда, ҷазо надоданд ва ё аз узвияти ҳизб хориҷ нанамуданд?
Ҳангоми таҳлили таърихи фаъолияти ҲНИ мушаххас мегардад, ки ҳизби номбурда чандин марҳалаҳои на чандон дури таърихиро паси сар кардааст. Ба гуфти худи сарваронаш замоне, ки ҳизбашон таъсис ёфт, ҳанӯз ҳукумати шӯравӣ салтанат дошт. Сарварони ин ҳизб дар ёддоштҳои худ навиштаанд, ки «онҳо тариқи пинҳонӣ фаъолият мекарданд». Замоне, ки ҲНИ ба фаъолият шурӯъ намуд, дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ, арзишҳои динӣ маҳдуд буданд. Барои мисол, нашри адабиёти динӣ маҳдуд, дари масҷид ва мазорҳо баста, рафтан ба ҳаҷ мамнӯъ буд. Бинобар ин, аксарият инсонҳои соҳибфарҳангу равшанфикр роҳи аз ин мушкилот берун рафтанро дар озодии дину мазҳаб медиданд. Бештари фарҳангиёну тараққихоҳони миллӣ озодии миллату давлатро дар эҳёи арзишҳои динии исломӣ медиданд.
Бо иқдоми Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ бо теъдоди сад ҳазор нусха нашр гардид, соли 2009-ум 1310 — солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит ҷашн гирифта, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии кишварҳои исломӣ эълон шуд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони мамлакат маносики Ҳаҷро ба ҷо оварда, ҳоҷӣ шуданд ва имрӯз ҳам рафтан ба шаҳрҳои Макка, Мадина ва дигар ҷойҳои муқаддаси мусалмонон ягон мушкилӣ надорад.
Дар баробари ба даст омадани истиқлолият муносибат ба дин ва арзишҳои динӣ ба куллӣ дигар шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳама барои қонеъ гардонидани талаботи динии шаҳрвандон фаъолият кард. Дари ҳазорон масҷидҳо кушода ва мазорҳову ҷойҳои муқаддас ободу эҳё, адабиёти динӣ фаровон нашр шуданд. Аз ин рӯ, вуҷуд доштани ҳизбе, ки гӯё ба хотири манфиатҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон мубориза мебарад, умуман зарурат надошт. Агар воқеаҳо ва хатарҳои муосири минтақа ва ҷаҳонро ба назар гирем, вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгаройиҳои динӣ-таассубӣ воқеан ҳам барои Тоҷикистон ва барои минтақа хатари ҷиддӣ дорад, зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро амалӣ кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ-исломианд. Ҳизбҳои динӣ бошанд, аз эҳсосот ва боварҳову эътиқодоти динии мардум хеле хуб истифода карда, ононро ба роҳгумӣ мекашанд. Онҳо тавассути ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам медиҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доранд, барои барҳам додани амнияти минтақа ва давлатҳо бо истифода аз ҳамин созмону ҳаракатҳои сиёсӣ амалӣ мегардонанд. Аз тарафи дигар, кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи Ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар собит сохт, ки намояндагони собиқи ИНОТ ва аъзои ҲНИ кинаву адоват ва ғаразу хусуматҳои пешинаро ҳанӯз ҳам аз қалб нарондаанд ва аз кирдору амалҳои пешинаашон даст кашиданӣ нестанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҲНИ чанд сол пеш дар фазои озоди кишвар фаъолияти густурда дошт, вале сарваронаш аз ин имконоти мавҷуда истифода намуда, таври пинҳонӣ амалҳои ҷиноятии худро пеш мебурдаанд.
Ҳоло ҳам мақсади асосии баъзе аз роҳбарони ҳизби мазкур, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, мехоҳанд, воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузаштаро такрор намоянд.
Маҳз иштибоҳи худи роҳбарияти ҳизб сабаб шуд, ки пеш аз қатъи фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар манотиқи алоҳидаи ҷумҳурӣ ин ҳизб худ аз худ аз фаъолият бозмонад. Шаҳрвандони кишвар пайи ҳам аз узвияти худ дар ин ҳизб даст мекашиданд ва дигар ба роҳбарияти ҲНИ бовар надоштанд.
ҲНИ баста шуд ва бояд гуфт, ки ин амал ба тақдири он афроде, ки аъзои ҳизб буданд, мисли дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳеҷ хатаре таҳдид наменамояд, зеро онҳо ҳам як ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандии мо буда, дар қатори дигар сокинони кишвар метавонанд орому осуда пайи зиндагии хеш бошанд. Чунки аъзои оддии собиқи ҲНИ ҳеҷ ҷинояте содир накардаанд ва ҳеҷ амали зиддиконститутсиониеро анҷом надодаанд. Мутобиқи қонунгузории кишвари ҳуқуқбунёди мо озодии дину эътиқод ва андеша барои тамоми шаҳрвандон таъмин аст ва касе ин ҳуқуқҳои онҳоро поймол карданӣ нест.
Чунончӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим мефармоянд:
Ин хонаро аз ҷону дил манн сохтам, ту сӯхтӣ,
Як кишвари афсонаро манн сохтам, ту сӯхтӣ.
Шуд меҳр сарвар умрҳо, бо хишти бовар умрҳо,
Кошӣ басо кошонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Дар суннати мардонагӣ бо ҷаҳди афзун эй басо,
Бозуву китфу шонаро манн сохтам, ту сӯхтӣ.
Аз суннати пурнури пеш, аз маънавӣ дунёи хеш,
Сад суннати мардонаро ман сохтам, ту сӯхтӣ.
Қобилов Б.Қ. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқушиносии ДДҲБСТ