САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».
Бинобар ин барои нигоҳ доштани ҷомеа сулҳу суботи он тадбирҳои ҳарҷониба андешидан ҷоиз аст. Дар ин росто ваҳдати миллии тоҷикон ба як барномаи мукаммал, аз тарафи тамоми ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоӣ дастгирӣ ёфта эҳтиёҷ дорад.
Дар ин ҷода, яъне таҳия намудани Консепсияи ваҳдати миллӣ бори аввал Президенти Тоҷикистон, Раиси Шўрои марказии Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон дар маъракаи таҷлили 14-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуда, таъкид карда буданд, ки ғояи ваҳдати миллӣ ҳамчун андешаи зиндагисози ҷомеаи мо рўз то рўз решадору мустаҳкам мегардад, зеро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостгори ободиву озодӣ ва оромиву осудагӣ мебошанд.
Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддасе табдил ёфта дар ташаккули ахлоқу зиндагии маънавии ҷомеаи имрўзаи мо қадру қиммати баланд пайдо кардааст. Зеро шаҳрвандони калонсолу миёнсоли мо хуб дар хотир доранд, ки коста шудани эҳсосоти ваҳдати миллӣ таназзули фаҳмиши таҳаммулпазирӣ солҳои навадўми асри гузашта ба сари миллат чи мусибатҳо овард. Насли ҷавони имрўза бошад аз воситаҳои ахбори умуми ҷаҳони мушоҳида карда истодааст, ки беъэтиноӣ ба ваҳдати миллӣ бархўрди ақидаву ғояҳо манфиатҷўии баъзе давлату миллатҳо ба сари сокинони Ироқу Либияву Сурияву Афғонистон чӣ оқибатҳои ҳалокатовар расонидааст.
Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, мутаъсифона гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон, манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.
ҲНИ мисоли гуфтаҳои болост. Агар дар аввали фаъолияташ ин ҳизб диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, алҳол роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокашон аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодаанд.
Имрӯзҳо ин ҳизби мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пинҳонона фаъолият намуда, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фазои ороми моро вайрон намудан мехоҳад ва ҳамеша ҳамагонро ба митингу инқилоб даъват менамоянд. Мо аллакай солҳои 90-ум натиҷаи митингу инқилоб онҳоро дида будем. Ҳаргиз намехоҳем, ки рӯзҳои мазкур боз ба сари мардуми мо боз оянд.
Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.
Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Афғонистонро ба сари миллати худ меоранд? Боке нест, ягон вақт ин тоифа ба худ ояд ва як хулосаи даркории худашонро оиди даст кашидан аз ҳизб ва ё умуман пош додани он бароранд.
Онҳо бояд ҳис намоянд, ки дар ҳақиқат ин ҷо ягон гап ҳаст, яъне мардум ба рафти фаъолияти имрӯзаи ҲНИ беҳуда таваҷҷӯҳ зоҳир накарда истодааст. Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар ҷангу хунрезиро намехоҳад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, мардуми бонангу ори тоҷикро даъват менамоянд, ки фирефтаи ақидаҳои ингуна ҳизбҳои ифротгар нагарданд.
Ҳасанов М. – мутахассиси шуъбаи кор бо тарбияи ДДҲБСТ