ГУЗАШТАРО НАБОЯД ФАРОМӮШ КАРД
Таърих гувоҳ аст. Инсонҳои дурандеш, ҳамеша кушиш менамоянд, ки гузаштаи худро фаромӯш нанамоянд. Бубинед. воқеаҳои даҳшатовару хонумонсузи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон, маҳз бо ташабуси ҳамон нафароне ба миён омада буд, ки мехостанд Исломро ба ҷабҳаи сиёсӣ табдил диҳанд. Дар он солҳо як гурўҳ шахсони мансабталош хостанд, ки дар ниқоб дини Исломро истифода намуда, ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд. Дар ёд дорам, он вақт дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе инсонҳои қаториро ба сафи одамон намешумориданд, чун ҳайвони ваҳшие, ки барои ба даст овардани луқмае бо ҳайвонҳои дигар ҳуҷум меоварад, онҳо низ ба мардуми оддӣ чунин рафтор менамуданд. Гурӯҳе дар кучаҳои шаҳр бо ном давлати Исломӣ, мардуми гумроҳро маҷбур месохтанд, ки гуфтаҳои онҳоро иҷро намоянд. Чи тавре, ки баъдан зиндагӣ нишон дод, инчунин бархе аз ҷанговарони мухолифин, иброз доштанд, ки аз хориҷа ба онхо яроқу аслиҳаи ҷангӣ, маблағ, хўрокаву пўшока ва ҳатто ҷанговарони хориҷӣ фиристода мешуданд. Пас саволҳои бешуморе, дар мисоли ин кўмакҳо барои мухолифине, ки мехост ҳукумати қонунии кишварро сарнагун созад аз куҷо меомаданд? Аз байн рафтани Тоҷикистон хамчун давлат ба манфиати ки буд? Чаро он нафароне, ки худро дар ҳамон солҳо руҳониву мусалмони асил метарошиданд мардумро даъват накарданд, ки майдонҳоро тарк намоянд ва ба бетартибиҳо рох надиханд? Ба ин нигоҳ накарда, гурӯҳе аз паи нобуд сохтани хазинаҳои давлат талаву тороҷ, корхонаву муассисаҳо, муфлису бекор, мардум саргардону гуруснаву мотамзада ва Тоҷикистон дар алангаи оташ месўхт.
Агар ба гузашта ва имрӯза нигоҳ кунем, дирўзу имрўз собиқ роҳбарони ҲНИ ва ҳаммаслаконаш бо суханҳои хушку холӣ баромад мекунанд, ки ин ҳама иншогари бадбиниву кина ба ин давлату сарзаминанд. ҲНИ даъво дорад, ки гуё имзои Созишномаи оштии миллӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҲНИ ба имзо расида бошад. Аммо тамоми он созмонҳову давлатҳои кафили сулҳ хуб медонанд, ки дар ин созишнома номи ҲНИ набуда, балки ИНОТ (Иттиҳоди нерўҳои опозитсионии тоҷик ) интишор гардидааст.
Маълум аст, ки дар ҷумҳурӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт обрӯ ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва сабаби ноустуворӣ гардида, азбайн чун селоби печутоб рафт. Таҷриба нишон медод, ки дар фаъолияти ҲНИ ҳолатҳои экстремистӣ, терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ ва ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.
Таърих гувоҳ аст ва имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз марзи Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷӣ ва бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин рафтору кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишвари азизамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ – динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои таҳрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.
Мо миллати куҳанбунёд, фарҳанги володошта боварӣ дорем, ки халқи тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки қотилон ва роҳбарони ҲНИ ҷаҳонбинии устувори сиёсии худро муқобил гузошта, дар пуштибонӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавқеъи қавии худро нишон медиҳад.
Бо гузашти вақт, таърих ҳама бозиҳои сиёсии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломиро ба мардуми шарафи Тоҷикистон ошкор намуд. Ин амалҳои ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллати тоҷик бори дигар ба халқу ватан ва ҷаҳониён исбот намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва созандаро пеша гирифта, онро дар амал татбиқ намуда, баҳри зиндагии шоиста, сазовор бо номи миллати куҳанбунёд, ифтихори миллӣ, ҳамеша дар роҳи созандагӣ ҳидоят менамояд.
Ғаюров Ҳ.Ш. – муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ