СИЁСАТ БОЯД ҶАВОБГЎИ ҚОНУНИЯТ БОШАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дар тўли  си сол дар ҷаҳони  муосир мақоми арзандаи худро пайдо намуд. Боиси хурсандист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 150 давлатҳои ҷаҳон эътироф намуда, бо он муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намуданд.

Ба ғайр аз ин Тоҷикистон аъзои 50 созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор рафта,  дар кори он фаъолона иштирок менамояд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ қайд намуданд, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори густариш додани муносибатҳо бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосир буда, ва кўшиш менамояд, ки чунин муносибат ба манфиати тарафайн бошад.

Дар қатори дигар давлатҳо густариш додани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.

Бояд қайд кард, ки дар муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон як қатор пешравиҳои арзанда дар солҳои охир ба амал омадаанд. Аммо дар баробари ин аз соли 2015 дар сиёсати давлатии Эрон нисбат ба Тоҷикистон ба баъзе нофаҳмиҳо роҳ дода мешаванд. Чунончӣ  Ҷумҳурии Эрон дар масъалаи ҲНИТ, ки онро Суди Олии Тоҷикистон ҳизби террористӣ – экстремистӣ эълон намуд, сиёсати ҳамкорию дўстонаро то ҳол идома медиҳад. Чунин муносибати давлати ба мо дўсту ҳамҷоя дар кори муносибатҳои тарафайн таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Бояд зикр кард, ки ҲНИТ-ро созмони ҳамкории Шанхай низ ҳизби террористӣ эълон намуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҲНИТ ҳизби террористӣ – экстремистӣ ба шумор меравад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар кори ҷаласаи СҲШ ба сифати нозир иштирок менамояд ва даъвои қабул гардидан ба узвияти ин созмон дорад бояд қарори онро нисбати ҲНИТ эътироф намояд.

Дар сиёсат набояд ба сиёсати дугонагӣ роҳ дод, зеро чунин сиёсат оқибатҳои ногуфтанӣ дорад.

Раванди сиёсӣ талаб менамояд, ки бояд сиёсат аз нигоҳи манфиати давлатҳо ва ҷомеа бояд сурат гирад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб медонад, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон  фаъолияти ҲНИТ боз барқарор гардид ва Ҳукумати Тоҷикистон ба он ҳамкорӣ намуд, то воқеаҳои моҳи сентябрии соли 2015.

Бинобар ин, давлати Эронро зарур аст, ки мавқеи худро нисбати ҲНИТ дар асоси қарори Суди Олии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2015 ва қарори СҲШ аз моҳи июни соли 2017 муайян намуда, барои қатъ кардани ҳамагуна муносибат бо ҲНИТ чораҳо андешад, зеро онро раванди сиёсат ва муносибатҳо талаб дорад. Воқеаҳои ба амал омада дар Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои ҷаҳон оқибати сиёсати дугонаи давлатҳо нисбати ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба шумор меравад.

Хушбахтона вақтҳои охир давлати Эрон аллакай симои аслӣ ва аз мақсади нопоки ҲНИ хабардор гардида, муносибати худро то як андоза бад кардааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ТЭТ ҲНИ ба давлати Эрон низ хиёнат хоҳад кард.

Одинаев А. – дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like