Пайомадҳои иҷтимоӣ ва мақсадҳои нопоки М.Кабирӣ

Мардуми Тоҷикистон ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ шурўъ намуда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мақсадҳоро ҳамчун дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат пешбинӣ кардааст. Ин ҳадафи миллӣ аз шиору ақидаҳои ғалат ва ивғоангези М.Кабирӣ ва хоҷагони вай вобаста нест. Бо дарки ин ҳадафҳо халқи Тоҷикистон ба ин роҳ қадамҳои устувор гузошта, барои оромиву осоиштагӣ ва амнияти кишвар дар ҷомеа тадбирҳо меандешад.

Мардуми тоҷик аз солҳои 90-ум тамоми мушкилоту пайомадҳоро  паси сар намуда, марҳила ба марҳила тамоми шароитро фароҳам овард, ки вазъияти иҷтимоии тамоми шаҳрвандон беҳтар карда шавад, онҳо аз имкониятҳои моддиву  маънавӣ  истифода бурда, дар идоракунӣ, рушду камоли фарҳанги миллӣ фаъолона иштирок намоянд, кўшишу ғайрати худро баҳри ободонии кишвар равона созанд.

Пешвои муаззами миллат тавонистанд дастовардҳои миллии тоҷикон, муқаддасоти миллӣ, дурнамои  боэътимоди давлатдории миллӣ, истифодаи оқилонаи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эҳё, эълон ва таъмин намояд. Сарвари давлатамон дар ҷустуҷўи роҳи баромадан аз даҳшати бўҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, ки ваҳҳобиён ба сари мардуми тоҷик оварданд,  дар баргузории гуфтушунид, мусолеҳа ва созишу мулоқотҳо санъати баланди масъулиятнокиро дар амал татбиқ намуднд.

М.Кабирӣ чӣ кор кард (?) бо дасгирии хоинон боз соли 2015 маҳз маблағгузор ва тарроҳи асосии исёни Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода буд. Мақсади Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ бо истифода  аз  пайомадҳои  иҷтимоӣ, низову бо баҳонаҳои сохтаи  иллатҳои  иҷтимоӣ ба сари ҳокимият омадан аст. М.Кабирӣ барои ҳисобот додан ба сарпарастони худ аз  дигар кирдорҳои ифротӣ  низ даст намекашад. Барои чунин ашхоси ифротӣ фарқе надорад, ки ба ин мақсад чанд нафарони гумроҳ ҷалб ва ҷони киҳо қурбонӣ мешавад.

Созишномаи оштии миллӣ, ки  соли 1997  ба имзо расида буд, дар саросари кишварамон сулҳу ваҳдатро пойдор намуд, оташи ҷанги бародаркушро хомўш кард, дар ҷомеа фазои ороми сиёсию иҷтимоӣ, шароити мўътадили иқтисодӣ, маънавию ахлоқиро  барпо  намуд. Ин дастовардҳои мардумро нодида гирифта, Муҳиддин Кабирӣ то ҳол бо ҳакммаслакону, хоҷагони худ аз андешаҳои иғвоангезандаи худ пояи ҳақ метарошанд. Онҳо мехоҳанд диққати мардумро ҷалб намуда, худро “бегуноҳ” монанд кунанд, барои расидан ба мақсадҳои ғаразнок, ҳар нақше, ки  “хўчаинашон” мефармояд, иҷро мекунанд ва ниҳояти кор мехоҳанд мардумро ба парокандагӣ  даъват кунанд. Дар хурўҷи «бемории» иғвоангез, бо тарғиботи ақидаҳои низоъпарастӣ мехоҳанд як зумраи ашхосро “озодандешони тоҷик” номида, нигоҳи мардумро тағйир диҳанд. То дараҷае  дурўғгўи мекунад, ки гўё дар деҳаи Ворух сарҳади Тоҷикистонро ҳифз карда бошад. Ҳаргиз, дар чунин вазъият масъулияти  азими  таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки дастовардҳои давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири қувваҳои моҷароҷў, ба монанди иғвои М.Кабирӣ эмин нигоҳ дорем.

Аз ин рў, авҷ гирифтани  таъсири  равандҳои муосир ба тариқи иттилоотӣ ба шуури фардию ҷамъиятӣ (хусусан байни ҷавонон) масъалаи арзёбӣ ва таблиғи худшиносиву худогоҳӣ ногузир ва муҳим мегардонад. Ин ҳадаф татбиқшаванда ва ногузир аст, то ки зиндагии орому осоиштаи мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот таъмин бошад.

Роҳе, ки халқи Тоҷикистон бо роҳбари Пешвои миллат  интихоб намудааст, бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқию  иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик зиндагии осоишта, тарзи ҳаёти дунявӣ, умуман ҳуқуқу озодиҳои кулли шаҳрвандони мамлакатро таъмин намуда, манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунад.

Раҳматулоев А.Э. – устоди кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like