Хиёнати ТЭТ ҲНИ ба Ватан ва ба миллат набахшиданист
Аз оғози таъсиси ҲНИТ ошкор шуда буд, ки маҳалбозӣ ва гурўҳбозии саркардагони ин ҳизб ба ҷуз тафриқаандозӣ, талоши мансабу мақом ва ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоки худ чизи дигаре нест. Дар талоши ба даст овардани манбаҳои пулӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва ба мақсадҳои нопокашон расидан, намояндаҳои ҲНИТ ба тамоми ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба кўмаки хеш хонда буданд.
Дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон марказҳои ҷангии собиқ ҲНИТ дар минтақаҳои мухталифи давлати ҳамсояамон Афғонистон тибқи барномаҳои хоҷагонашон ба фаъолият шурўъ намуда, дар ниқоби ислом Тоҷикистонро кишвари кофирӣ ҳукм карда буданд. Аз тарафи дафтардорӣ ва раёсати размандагии ТЭТ ҲНИ гуруҳи махсуси таблиғотӣ таъсис дода шуда буд, ки онҳо дар байни муҳоҷирон, ки иҷборан дар натиҷаи ҷанги бародаркуш аз маҳали зисти худ берун гардида буданд, оид ба воҷиб будани ҷиҳод ва ҷанг дар Тоҷикистон ҷавонону ноболиғонро мағзшўйӣ намуда, онҳоро барои худкафонӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ истифода менамуданд.
Аз ин пеш ҳам, аз давраи ҷангӣ бародаркуш сар карда, то ба имрўз мебинем, ки дастаи ҷинояткоронаи Ризвон Содиров, Раҳимов Абдулло бо лақаби «Мулло Абдулло», мулло Амриддин Табаров, Сангинов Раҳмон бо лақаби «Гитлер», Мансур Муаккалов бо лақаби «Шайх», Сафар Тағоев бо лақаби «Подабон», Камаров, Сарабек, ва Ҳоҷӣ Ҳалиму эшони Ҷунайдулло ҳама парвардаҳои ТЭТ ҲНИ мебошанд ва касе инро инкор карда наметавонад. Аз ягон кас пўшида нест, ки Эшони Ҷунайдулло, Ҳоҷӣ Ҳалим, мулло Умар ва дигар ҳаммаслаконашон аз ҷумлаи ашхосе буданд, ки бевосита аз тарафи ҲНИ роҳбарӣ карда мешуданд ва маҳз бо дастури саркардаи он Муҳиддин Кабирӣ ин амалашонро ба анҷом расониданӣ буданд, ки хушбахтона, тирашон хок хўрд. Маҳз ҷоннисорӣ, содиқ будан ба ватану сарзамини аҷдодии кормандони ниҳодҳои қудратии кишвар имкон надод, ки хоинони миллат дар симои ҲНИ ба мақсаду маромашон бирасанд.
Соли 1997 сулҳу оромӣ кишвари моро фаро гирифт ва нерўҳои мухолиф тибқи санади ҳамдигарбахшӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳ ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба ҷиноят ва хиёнат ба Ватан нахоҳанд зад. Ба ҲНИ бори дигар Ҳукумат имконият дод, ки фаъолияти худро қонунан оғоз бахшад.
Тибқи созишнома нерўҳои оппозитсионии тоҷик шомили ҷузъу томҳои ҳукуматӣ гашта, истифодаи вижаҳои «оппозитсия», «30-фоиза», «мухолифин» нисбат ба якдигар мамнўъ гардид, то дарди ҷанги шаҳрвандӣ фаромўш гашта, кинаву адоват аз дилу дидаҳо нест бигардад. Аммо дар асл ин тавр нашуд ва бо дастури махфии роҳбарияти ҲНИ гурўҳҳои ҷинояткори ин ҳизб дар ниқоби ислом даст ба ҷиноятҳои махсусан вазнин зада, корашон гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ, ситонидани пул ва қатлу куштори шахсони бегуноҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Баъди чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурӣ безарар гардонидани гурўҳҳои муташакили ҷинояткор аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ, ҲНИ худро бегуноҳ нишон дода, фаъолияташро идома медод ва вонамуд мекард, ки гўё чизеро намедонад.
Мардуми тоҷик имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ мекунад ва ба дасисаи дигарон дода намешаванд. ҲНИ аз аввал бо сармоягузории ташкилотҳои хориҷӣ ва дар асоси идеяи ваҳҳобият ячейкаҳои ҷосусии худро дар қаламрави Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд ва баъдан самти муборизаи худро тағйир дод. Ваҳҳобиён ва ихвониҳо тавасути ҲНИ бо баҳонаи таблиғи «исломи ноб» ва ақидаи исломӣ, сиёсикунонии исломи суннатиро таблиғ менамоянд. ҲНИ дар муддати фаъолияти худ ягон амали хайрро ба манфиати миллат ва ҷомеаи тоҷик анҷом надодааст. Пўшида нест, ки Ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайдулло вориди ниҳодҳои қудратӣ шуда, бо дастури Муҳиддин Кабирӣ ва дигар роҳбарони ҲНИ фаъолият менамуданд.
Исён ва хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим, эшони Ҷунайдулло ва ҳамроҳонаш боиси он гашт, ки даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ кушта ва захмӣ гардиданд. Ин зархаридон қасами низомӣ, аҳдномаи Созишнома ва истиқрори сулҳро пеши по заданд, зеро мақсаду маромашон дигар буд. Ба аҳду паймони худ хиёнат намуданд. Барои ин ҷинояткорони ҲНИ ору номуси миллӣ ва ватандорӣ бегона аст. Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор намуда ва аз он ҷо амалиёти зиддиҳукуматиро тавассути Ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайдулло амалӣ сохтанӣ буд.
Роҳбарони ҲНИ баъди шикасти Ҳоҷӣ Ҳалим ва гурўҳи террористии он рў ба фирор оварданд. Фаромўш набояд сохт, ки ҷамоати террористии «Ансоруллоҳ», ки дар қаламрави Афғонистону Покистон фаъолият дорад ва роҳбарии онро мулло Амриддин Табаров шаҳрванди Тоҷикистон ба ўҳда дорад, он ҳам узви ҷудонопазири ҲНИ мебошад. Имрўз саҳифаҳои он дар шабакаи иҷтимоии интернет фаъол буда, ҷавононро барои аъзо шудан ба он даъват доранд.
Бояд қайд намоям, ки вақте ба сари мазҳаби мардуми тоҷик, мазҳаби Абуҳанифа санги маломат мезаданд, ҲНИ хомўширо ихтиёр мекард ва боре ҳам вокуниш нишон намедод. Ин маънои онро дошт, ки аллакай аъзоёнаш мазҳабашонро фурўхтаанд. Ҳамаи ин ҳиллаю найрангҳои онҳо аз пўшидани сарулибоси мардуми бегона, ҳиҷобу мондани ришҳои бетартиб оғоз ёфта буд. Магар ҲНИ наметавонист оид ба ин раванд ба мардум бифаҳмонад, ки ин ҳама дасти хоҷагони хориҷӣ мебошад? Метавонист, вале накард ва вазифаҳои оинномавии онҳо дар рўи қоғаз монд, зеро мақсаду маромашон тамоман дигар аст, яъне аз рўзгори мунофиқони мусалмонкуш ва носипосони фурўхташудаи ташкилотҳои террористӣ мебошад. Дини мубини исломро бадном сохта, хиёнат ба зану фарзанд, Ватану миллат карданд.
Ҷамолов С.Н. – Мудири шӯъбаи тарғибот ва кор бо довталабони ДДҲБСТ