ИСТИҚЛОЛИЯТ –  ВОЛОТАРИН  ВА  ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ  МИЛЛАТ

Тоҷикистони азиз дар замони бархўрди тамаддунҳо, дар арсаи олам мавқеъу манзалати худро устувор менамояд, ки бори ин ҳимматро фарзандони фарзонааш ба дўш доранд. Пойдории сулҳу ваҳдат, рушди босуботи ҳамаи соҳаи ҳаёт бо эҳсосу рафтори ҷавонон иртиботи қавӣ дорад.

Ин раванд натиҷаи соҳибистиқлоливу озодӣ буда, боиси ифтихори ҳар як  шаҳрванди  кишвар аст. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон  соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва  соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ  ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».  Понздаҳ соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд. Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикистониён ба осонӣ ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва ҳисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992  дар Қасри Арбоби шаҳри Хучандӣ бостони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) баргузор гардид.  Дар он вақт Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи чахонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи  XVI  муайян кард.

Шўрои Оли роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Рахмон интихоб намуд. Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш  фаъолияти пурмасъулиятро ба душ гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгўӣ, хақиқатҷӯи, серталаби нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шўрои Оли нақши аввалиндараҷа мебозад. Ў савганд ёд намуда гуфт: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва хуқуқбунёд мебошам. Мо хама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояшон дар назди халқу Ватан Сарвари двлатамон бараъло собит намуда истодааст.

Маҳз бо ташаббус ва хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Чумхурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фархангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки  роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи сарвари давлат алтернативаи дигар надошт.

Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷўиро гирифта метавонад ва обрўву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ собит ва ҳифз менамояд. Аз нигоҳи имрўза ва оянда бо ифтихор бояд таъқид кард, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Сарвари давлатамон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд.

Имрўз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст. Рохбарии хирадмандона, самимияти беназари инсонӣ, руҳи ватанпарасти, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотхои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурўҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳои буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои асосӣ мусоидат намуданд.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тахкими ҳоқимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз Пешвои миллат ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт. Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд. 

Ҷаборов Ғ.Н. – сармуаллими кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ

You might also like