Зиракии сиёсӣ воқеяти замон аст!

Дар ҳар давру замон зиракиву бедорӣ барои инсон чизи ниҳоят зарурӣ аст. Агар сухан дар бораи зиракии сиёсӣ бошад, пас ҳоҷати гап ҳам нест. Аз қадимулайём гузаштагони мо таъкид кардаанд, ки ҳар вақте ягон хабарро мешунавед ба ҳақиқати он аҳамият диҳед ва нагузоред, ки ба хабарҳои росту дурӯғ Шуморо фиреб диҳанд.

Лек, дар замони имрӯзаи мо байни оммаи халқ иттилоотҳои нодуруст ва мантиқан пуч паҳн мешавад, ки ба амнияти иттилоотии ҷомеа халал ворид месозад. Баҳри ҷудо намудани иттилооту хабари рост аз дурӯғ бояд ҳар як инсон дониши чуқур, идроки баланд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта, сиёҳро аз сафед ҷудо намояд. Агар ба таълимоти динии худ, яъне дини мубини Ислом назар афканем пайғамбари мо оиди зиракии сиёсӣ чунин таъкид намуда буданд, ки ҳар вақте ягон маълумот ё хабареро мешунавед ба рост будани он, ба гӯяндаи он ва нафаре, ки он хабарро овардааст аҳамият диҳед. Зеро ноаҳмиятӣ боиси ноамнии ҷомеа мегардад.

Фирдавии бузург дар китоби худ “Шоҳнома” чунин таъкид намудааст,  Заҳҳоки баттол тавонист дар аввал бо хабари дурӯғин халқи оддиро бар муқобили Коваи оҳангар  бархезонад ва маҳз бо ҷасорати Кова бардурӯғии ин хабар исбот гардида, пеши роҳи хунрезӣ гирифта шуд.

Дар шароити кунунӣ бархе аз “заҳҳоксифатон” кӯшида истодаанд, то фазои тинҷу оромӣ Ватани моро халадор намуда, дар ҷомеа тухми кинаву адоватро кишт намоянд ва дар ин ҷода амалҳои “дӯстонаи” ҳизбу ҳаракатҳои  ба ном исломӣ, аз қабили ТЭТ ҲНИ, Гурӯҳи – 24, Ҳизби Исломии Туркистон, Ҳизбуттаҳрир, Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ, Толибон, Салафия ва ғайра баръало намудор аст. Ин гуна “дӯстони ҷонӣ” мекӯшанд, ки тоҷик бо тоҷик, мусалмон бо мусалмон даст ба гиребон шавад ва чашми бадбинӣ нисбати ҳамватани худ дошта бошад.

Мо ки дар замони рушди илму техника ва техналогияи муосир қарор дорему шабакаи глобалии интернет тамоми фазои оламро фатҳ намудааст, имконият медиҳад то дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару иттилотҳои бардурӯғу беасос пайдо шаванд ва инсони ноогоҳ ба он боварӣ пайдо намуда, ба ҳамон идеологияи тундгарона пайравӣ менамояд. Аз ҷумла дар шабакаи иттилоотии Паём.нет, ки минбари фисқу фасоди гурӯҳҳои ба ном ғамхори миллату Ватананд.

Пас саволе ба миён меояд, ки дар ин ҳолат чи бояд кард?

Пеш аз ҳама набояд фирефтаи суханҳои хушобу ранги гурӯҳҳои ба ном исломиву ватандорӣ гашта, аввалаш худамон ва дуввумаш аҳли ҷомеаро ба вартаи ҳалокат бурд. Мо бояд ҳам дониши созандаи динӣ ва дунявӣ дошта, моҳияти дин ва сиёсатро хуб дарк намоем ва нагузорем, ки аз номи дини поки Исломи мо гурӯҳҳои сиёсии дорои мақсадҳои сиёҳу боғараз истифода баранд.

Чи хеле ки алломаи Шарқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Ислом дар зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусалмонии мост.

Наҷоти ҷомеа ва худи мо дар дасти мост! Интихоби фардои дурахшон ва ояндаи босаодат аз зиракиву бедории сиёсӣ зич вобастааст.

Масъулият дар сари  ҳар яки мост!

Қурбонов Ҳ.Ш. – мутахасиси шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like