Истиқлолият бузургтарин неъмат аст
Халқи тоҷик бо меҳнати шоиставу тафаккури волои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои мислаш диданашуда, дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандориву меҳанпарастӣ қарор дорад.
Истиқлолият таҳкимбахши ҷаҳони имрўзаи миллати тоҷик аст, ки баҳри амалӣ гардидани марому мақсадҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардуми мо имкониятҳои воқеиро ба вуҷуд овард ва он чун неъмати бебаҳо маҳсуб меёбад. Дастоварди арзишмандтарини Истиқлолияти Тоҷикистон дар поёни садаи ХХ бунёди давлатдории миллӣ, маънои ҳақиқии худро дарёфтани ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.
Озодии инсон ва бузургдошти ҳуқуқҳои ў бо бунёдгузорӣ ва такмили ниҳодҳои муносиби умури сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷомеаи тоҷиконро ба дарёфти Истиқлолияти миллӣ, ки орзуву омоли чандинасраи ин қавми муаззам буд, тавқ бахшид.
Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеоти бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Бо ин иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳалаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки он то имрўз идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.
Ба туфайли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатқарини тоҷик дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, техникаву технология, энергетика, тиб, иҷтимоиёт ва самтҳои дигари мамлакат ба пирўзиҳо ноил гардида истодаанд.
Метавон дастовардҳои истиқлолиятро чунин натиҷагирӣ кард:
Баҳри рушду нумўи созандагиву бунёдкорӣ, соҳибкорӣ дар шароити истиқлолият имкониятҳои фаровон ба миён омад;
- Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба мо ва фарзандонамон пеш аз ҳама ба хондану илмомўзӣ, соҳибкасбшавӣ ва зиндагиву ояндаи дурахшон умед бастан роҳ кушод;
- Истиқлолият ба мо пеш аз ҳама озодӣ дод, ки аз ҷумла, он озодии пурраи фикру амал ва тафаккури шаффофи маънавию моддӣ мебошад. Дар ҳақиқат озодӣ барои инсон мисли обу ҳаво чизи муҳиму муқаддас аст. Шукри беҳамтост, ки дар шароити истиқлолият зиндагиамонро бо ормонҳои худ мустақилона пеш бурда истодаем. Дар мамлакате, ки соҳибистиқлол асту муҳити солими созандагӣ, ваҳдату ягонагии ҳамаи қавму миллатҳо ҳукмфармост, ҳеҷ як мушкилӣ садди роҳ шуда наметавонад.
- Истиқлолият ин мустақил будан дар иҷрои амале, бе дахолати каси дигар ба пешаи дилхоҳи хеш шуғл варзидан, яъне мустақиливу соҳибихтиёрист;
5.Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар интихоби касбу ҳунар ва ҷойи кор пурра озод намуд. Бояд ҳар кас аз ин афзалиятҳои истиқлолият бархурдор гардад ва аз он истифода барад;
6.Истиқлолият барои амалӣ гардидани орзуҳои ҳар як шаҳрванд шароиту имкониятҳои зарурии воқеиро фароҳам сохтааст;
- Сол аз сол дар сатҳи олӣ таҷлил гардидани рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷашни умумихалқӣ табдил ёфтани он шаҳодати он аст, ки мазмуну мўҳтаво ва аҳамияти он чӣ қадар бузургу беҳамто гашта истодааст, ки онро бояд ҳар кадоми мо қадршиносӣ намоем;
- Зикр кардан бамаврид аст, ки бояд ҳар як фарди солим қоидаву қонунҳоро риоя намуда, ба касбу кори худ ва ба дараҷаи талаботи ҷаҳонӣ азбар кардани тахассуси интихобкардааш машғул шавад, барои беҳбудии зиндагии аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, мутахассисони бомаҳорату донишманд ва шахсиятҳои хушодобу хушахлоқ, созандагони сазовори ҳаёти ояндаи ҷомеа шудани он азму талош варзад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таҳким ёфтани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи саросарӣ хизматҳои шоиставу арзишманди мислаш диданашударо ба ҷо оварданд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони азиз ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳои хатарҳои барои инсонияти ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм ва дигар амалҳои ношоиста саҳм гузорад.
Чунинанд андешаҳову фикру мулоҳизаҳои мо оид ба истиқлолияти давлатии ҷумҳурии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиву дастовардҳои он.
Кенҷаев С. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ