САР БА КУШТАН МЕДИҲЕМ БЕҲ АЗ ОН, КИ ХОКИ ХУДРО БА ДУШМАН ДИҲЕМ

Имрӯз қувваҳои гуногуни бадхоҳи Тоҷикистон мехоҳанд ҳарчи бештар ҳудуди кишвари моро тасарруф намуда, моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як халқи бефарҳангу безабону бемиллат нишон диҳанд. Аммо халқи куҳанбунёди мо мо ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳои нопоки онҳо роҳ намедиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар мулоқот бо сокинони деҳоти Ворух, гуфта буданд, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

“Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад. Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд”.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳднома бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид. Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст.

Ҳамзамон, Пешвои миллат иброз намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки бо ҳамсояҳо дар фазои дӯстона ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунанд, босабру таҳаммул бошанд, ба эҳсосот дода нашаванд, зеро чунин масъалаҳо на бо эҳсосот, балки танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳаллу фасл мегарданд.

Аз ин лиҳоз, Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух зиёд мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат то ба имрӯз Ворух ободу зебо гардонида шуда, чандин ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳайё гардидаанд. Дар мамлакат  бо ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, тадбирҳои ободонӣ  идома ёфта истодааст. Бо таваҷҷӯҳи хосса ва доимии Роҳбарияти далату Ҳукумаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ – иҷтимоӣ рушд ёфта истодаанд. Агар дар хусуси ободонию бунёдкорӣ дар Ворух сухан ронем, то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон дар ин  деҳа чандин корхонаҳои саноативу маишӣ, мавзеҳои фарҳангиву варзиҳӣ бунёд шуда ба истифода дода шудаанд. Айни ҳол дар ҷамоати Ворух чандин иншоот сохта шудаанд ва сохтмони иншоотҳо давом ёфта истодааст.

Вобаста ба ин, мо шаҳрвандони Ҷумуҳурии Тоҷикистон ҳаргиз намегузорем, ки як ваҷаб замини ватани моро касе ғасб намояд. Мо барои ҳимояи Ватану сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода мебошем.

Обидов Д.С. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи

давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like