Барои чӣ Кабирӣ калимаи “Ислом”-ро аз номи ҳизбаш хориҷ кард?
Дар давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон марказҳои ҷангии дар минтақаҳои мухталифи давлати ҳамсоя Афғонистон тибқи барномаҳои хоҷагонашон ба фаъолият шурўъ намуда, дар ниқоби ислом Тоҷикистонро кишвари кофирӣ ҳукм карда буданд. Аз тарафи дафтардорӣ ва раёсати размандагии ТТЭ ҲНИ гуруҳи махсуси таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки онҳо дар байни муҳоҷирон, ки иҷборан дар натиҷаи ҷанги бародаркуш аз маҳали зисти худ берун гардида буданд, оид ба воҷиб будани ҷиҳод ва ҷанг дар Тоҷикистон ҷавонону ноболиғонро мағзшўйӣ намуда, онҳоро барои худкафонӣ ва содир намудани амалҳои террористӣ истифода менамуданд.
Фаолияти хафноки ҲНИТ –ро ба назар гирифта Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳсати исломи Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгаройӣ эътироф намуда, фаълияти ҳизбро қатъ намуд.
Таърихи 8-уи июни соли 2016 дар шҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котиботи шуроҳои амнияти давлатхои узви Созмои Ахдномаи Амнияти Дастаҷамъи баргузор гардина, руйхат ташкилотҳоеро ки дар кишвархои узви СААД хамчун терористӣ-экстремистӣ эътироф шудаан бо қарори дахлдор ба мувофика расониданд
Тавре қаблан хабар дода шудааст, сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон зимни як нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм, ки дар Кобул доир карда шуд, изҳор намуд, ки дар он ҷо, дар «он сӯи Ому», «аз 6 то 10 ҳазори ҷангиёни Ҳаракати исломии Туркистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзат. – Шарҳи АМИТ «Ховар) ҳузур доранд».
Ҳодисаҳои охири сиёсии кишвар нишон доданд, ки бо роҳбари фирори ҲНИТ М. Кабирӣ шахсан созмндиҳанда ва маблағгузори табддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурўҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст. Хиёнати наҳзатиҳо нақшаи таҳрезишудаи мушахасе буд, ки бо дасти хоҷагони хориҷӣ омода гардина, бо дасти худиҳо амалӣ мешуд. Наҳзатиён фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурўҳҳои террористӣ, инчунин ташфиқоту тарғибот машғуланд. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оваранд. Ин афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои итернетӣ аз хориҷии кишвар ваъзияти имрўзаи Тоҷикистонро ба фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ медиҳад.
Кабирӣ дар ҳама ҷо изҳор медошт, ки ҷиноҳи ҳарбӣ, яъне қаноти ҳарбӣ надорад, онҳо бо силоҳ сарукор надоранд ва танҳо тавассути сухан мехоҳанд худашонро ва идеологияашонро муаррифӣ кунанд. Он ки Кабирӣ пайваста дурӯғ мегӯяд, инро мо аксаран медонем, ҳарчанд ки дурӯғ торикии имон аст. Ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ вербовка (истихдом) шудааст. Кабирӣ имон ва муқаддасот надорад. Ӯ як мақсад дорад – ҷоҳу ҷалол. Ба хотири он ки дар курсии роҳбари ҳизб нишинад, аз баҳри ришу ҷомаю сала гузашт. Барои он ки ба ҳадафҳояш ноил шавад, дар парлумон курсӣ гирифт, вале чун ронда шуд ва ба Аврупо рафт – аз баҳри калимаи «ислом» дар номи ҳизб гузашт ва акнун Ҳизби наҳзатро ба таври худаш Паймони миллӣ меномад». Тоҷикистони азизро Ҳизби наҳзат ба хоку хун кашид. Дар натиҷа зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо фавтиданд, наздики 800 ҳазор нафар ҷилои Ватан карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд, ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар хисорот ворид гардид. Бояд гуфт,ки милати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найрангӣ фитнагаро бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афрод, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқадас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонад, ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Аз ин лиҳоз, имрўз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан ҷавонони шарафманди кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳаргиз нагузорем, ки аз номи миллати мо чан тан бозичаи дасти хоҷагони хориҷи сухан гўяд.
Бабаев Х.С.-дотсени кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ