Ҷавонон барои ҳифзи Ватан ҳамеша омодаанд
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталиф мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созанд. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қишри ҷомеа диққати махсус медиҳад.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Чи тавре, ки мо санаи 22-юми июли соли 2021 шоҳиди он гардидем бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии худро нишон доданд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки аксарияти ин нафарон ҷавонон мебошанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳимояи марзу буми Ватани азизамон – Тоҷикистон дар дасти мо ҷавонон аст. Маҳз бо доштани ҳисси баланди ватандӯстӣ мо қодир ҳастем Ватанро аз душман ҳимоя намуда, дар пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизмамон саҳмгузор бошем.
Албатта ҳимояи марзу буми Ватанро мо вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, муваффақ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтар он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора гуфтаанд: «Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».
Ҳангоми суханронии худ дар чорабинии мазкур Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозон ва ҳар як фарзанди ватандӯст муроҷиат намуда иброз доштанд, ки “Мо бояд аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем”.
Хулоса, баргузории чорабинии мазкур ва алалхусус суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти мо ҷавононро ҷиҳати ҳимояи Ватан ва ҳамеша омода будан дар ин роҳ даҳчанд баланд бардошт.
Зеро, ҳимояи Ватан-модар, манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон алалхусус ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои боз ҳам муттаҳид намудани мардум ва баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ