Панҷ дурӯғи Кабирӣ дар 40 дақиқаи аввали суханронии худ дар мавзӯи “Вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистон”
Дар байни мардуми тоҷик мақоли “Дурӯғгӯ-душмани Худо” хеле маълуму машҳур буда, арзиши баландро соҳиб аст. Дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ мафҳуми “дурӯғ” бадтарин амали инсонӣ маҳсуб ёфта, ҳатто гуноҳи азим арзёбӣ гаштааст.
Тавре мусаллам аст, аз замонҳои қадим, дар замони зуҳури дини Зардуштӣ дурӯғгӯӣ, фиребу найранг аз хислатҳои бадтарини инсонӣ ҳисоб меёфт ва аз ҷониби инсонҳои комил, баъдан аз тарафи шоирону нависандагони машҳур мазаммат карда мешуд.
Дар таълимоти дини Ислом бошад, дурӯғ яке аз гуноҳҳои азим маҳсуб меёбад. Дурӯғ чӣ маъно дорад? Дар дини Ислом шаҳодати дурӯғ додан, дурӯғ гуфтан ба мафҳуми ширк баробар дониста шудааст. Инсони дурӯғгӯ мусулмони ҳақиқӣ ҳисобида намешавад.
Пас, Кабирӣ бо вуҷуди худро нерӯи пешқадами озодихоҳ, мубориз ва демократу либерал тарошиданаш оё аз ин донишҳо бехабар аст? Ҷомеаро ё касеро бесабаб таҳқир кардан, дашном додан, тӯҳмат кардан, иғвогарӣ кардан, ғайр аз ин дурӯғгӯӣ кардан оё хислатҳои ҷавонмардист? Албатта не?.
Ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки санаи 19 июли соли равон боз М. Кабирӣ суханҳои иғвогаронаи худро давом дода, дар мавзӯи “Вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистон” баромад намуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуд.
Ҳангоми шунидани суханронии номбурда мо шоҳид мегардем, ки суханҳои ӯ танҳо иғвоангез ҳастанд тамом, дигар ягон вазифаро иҷро намекунанд.
Барои мисол дар баромади худ М. Кабирӣ қайд намуд, ки “Сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон аз сиёсати толибон ягон фарқияте надорад”. Ин ба ягон ақл рост намеояд, ки сиёсати Тоҷикистонро бо толибон якранг шуморид. Зеро ҳамагон шоҳид ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳони Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва сулҳҷӯ эътироф кардааст ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар минбарҳои бонуфуз дастгирӣ менамоянд. Ҳоло мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ устуворона дар роҳи боз ҳам обод намудани Ватани худ қадамҳо гузошта истодаанд. Вазъияти толибон бошад ба ҳама маълум аст. Албатта масъалаи вазъят ва ақидаи толибон ин кори онҳост. Мо ба онҳо дахолат нахоҳем кард. Лекин дар умум пешравӣ ва сиёсати Тоҷикистонро бо толибон якранг донистан ва мардумро аз ин сиёсатҳо ба роҳи халосӣ даъват намудан ин як иғвоангезӣ ҳаст тамом.
Ҳамзамон Кабирӣ қайд намуд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳо оиди ба Тоҷикистон назар ба толибон наҳзатиён хатари бештар доранд, паҳн карда шуд. Ин гуфтаҳоро Кабирӣ аз хориҷи кишвар қарор гирифта, чунон шарҳ дода истодааст, ки гӯё Тоҷикистон аз ин хоинон дар ҳарос бошад. Албатта ибрози ба Тоҷикистон назар ба толибон наҳзатиён хатари бештар доранд ин маънои ҳароси Тоҷикистонро аз наҳзатиён ҳаргиз надорад. Вале, наҳзатиён душманони миллату давлати Тоҷикистон мутаъсифона ҳоло ҳам дар дохили Тоҷикистон ҳастанд, яъне душман дар даруни мо аст ва ин албатта хатар аст.
М.Кабирӣ дар давоми барномаи худ қайд намуд, ки “Тоҷикистон дар 30 соли истиқлолияти худ рӯз аз рӯз аз кишвари тараққӣ карда ба кишвари қашшоқ табдил ёфта истодааст.” Барои ин суханҳоро ба забон овардан шахсро мебояд аввал кӯр ва баъд кар бошад. Зеро чунин пешравиҳоро дар Тоҷикистон танҳо чунин шахсон мутаъсифона дида наметавонанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани чунин маълумотҳо бошад, танҳо нишона аз хоинӣ ва иғвогарии Кабирӣ аст тамом.
Ба гуфти Кабирӣ ҷомеаеро бояд сохт, ки мардум озодона маросими динии худро дар он анҷом диҳанд. Аслан ин ношукрони миллат дар ҳамаи баромадҳояшон чунин маълумотҳоро паҳн менамоянд, ки гӯё дар Тоҷикистон озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ вуҷуд надошта бошад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ барои шаҳрвандон ҷиҳати адо намудани ибодатҳо ва маросимҳои динӣ новобаста аз диндор ва ё бедин будан, парастори кадом дин ва равия будан шароитҳои якхела ба вуҷуд овардааст. Ҳамзамон қисми асосии аҳолии Тоҷикистонро, ки мусулмонон ташкил медиҳанд қайд намудан мумкин аст, ки дарҳои масҷидҳо ҳамеша кушода буда, барои адо намудани ибодати динӣ ва гирифтани таҳсилоти динӣ ягон монеа вуҷуд надорад. Бояд ҳар яки мо дарк кунем, ки ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон дари ягон масҷидро набастааст ва аз дасти ягон намозхон ҷойнамозро кашида нагирифтааст, ки мо ин сиёсатро сиёсати зидди дини исломӣ хонем. Аслан дини Ислом ба ягон сиёсат ниёз надорад ва сиёсии кунонии дин бошад танҳо бар зидди дин амалӣ шуда истодааст.
Хандаовар буд, ки Кабирӣ қайд намуд “Мо дар саҳни ҳавлии бинои ҲНИТ корти теннис доштем ва ҳар замон мусобиқаҳои варзишӣ баргузор менамудем. Аз ҳамин сабаб Ҳукумат моро террорист хонд.” Албатта бо шунидани ин суханҳо шахсро ханда мегирад, ки барои ташкили мусобиқаи варзишӣ ин ҳизбро Ҳукумат террорист ъэлон карда бошад.
Хулоса, 40 дақиқаи аввали суханронии Кабирӣ дар мавзӯи “Вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистон” аз ҳаминҳо иборат буд, ки ягон маъни надошта, пур аз тӯҳмат ва иғво бар зидди Ватани худ асту халос.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ