Рафтору дурўғи рўирости ТЭТ ҲНИ, ки ризқ меҷӯянд…

Ризқ – меҳнат ва роҳи ҳалол, иродаи мардӣ ва шарафи инсонӣ мехоҳад. Воқеан на ҳама метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дӯздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд. Ва бо гумони ғолиб дар назари аксари мо он нафарон гурӯҳи одамони баду зиёноваранд. Чун ҳамеша бо амалҳои нохуби худ ба ҷомеа зарари моддию маънавӣ мерасонанд. Аммо бадтар аз ин ҳама гуноҳе низ вуҷуд дорад, ки ҳатто бахшиданаш гуноҳ асту нафринаш савоб. Ҳар он, ки ба ин амал пойбанд шуд, пасттарин аз тамоми зиштиҳои дунёст.

Вақте ки сухан дар бораи дурўғи рўирости равшанфикрони асри XXI меравад, дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кин мегирад. Ва бешак дар он девор амали афроде падид меояд, ки баҳри луқмаи ноне, ки як зани мушти пар низ метавонад, бо меҳнату заҳмат ва арақи ҷабин пайдо кунад, бузургтарин муқаддасот, ноёфттарин неъмат, онеро, ки миллионҳо дар ҳасрати як мушт хокашанд, ганҷинае, ки аз азал дар васфи бузургиаш шеъру суруд сароиданду иншо кардан ва ҳоло ҳам кам аст, ватан ва узвияташро мефурӯшанд.

Оре, маҳз барои луқмаи нон… Танҳо ва танҳо барои бурдае ноне беномусу бевиҷдон мегарданд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ маҳсуб намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад. Аммо наметавон тасаввур кард, ки баъди аз пистони модар шир хӯрдану онро аз даҳон берун кардан, ба рӯи он туф кард. Ҳатто ин манзара дар андешаи одам намеғунҷад, ки чи гуна метавон ба зояндаву парварда чунин як амали ноҷоро раво дид. Шояд бадтарин ҳайвон ба чунин як кирдор қодир набошад. Ба таъбири устод Садриддин Айнӣ: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёддат дӯст медорад, ӯро ҳимоя ва мудофиа мекунад”. Дар рӯёрӯи ҳама ин бадиҳо, бо қабули ҳама пастиҳо, имрӯз чанд тан тоҷике, ки ҳайф бод номи тоҷику тоҷик будан ба онҳо, шарафу номус ва сифати инсонии худро аз даст доданду ба пистони модари худ туф карданд, шири сафедашро пос надоштанд ва ҷонибаш санг андохтанду назди дигарон бадаш гуфтанд.

Имрӯз чанд тан бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пеши бар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд. Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ватану ҷонашон дар ватан аст. Лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он. Ба минбар ки баромаданд, нидои ватандорӣ мезананд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазор ҷон ҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳри ҳифзи он зинда шудан мехоҳанд.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мардумро фиреб доданд. Ё дар ҳар даврае хоҷаашон луқмаи ноне гузошт, сагвор ҷониби он давон шуданд. Ҳама акнун ин зишткориҳо, ки ҳамагӣ дар сояи хиёнат ба ватан сурат мегиранд, берун аз ватан идома доранд. Ин ватанбезорҳо ва зормондаҳои як бурда нон барои ҳарчи бештар ба даст овардани нон, ташкилоти калони террористию эекстремистии худ ҲНИ-ро ба шохаҳо тақсим намуданд. “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”, “Анҷумани озодандешон”, “Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ”, “Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” зершохаҳои дигари ТЭТ ҲНИ мебошанд, ки аъзоёну тарафдорони он амале ба ҷуз хиёнат ва доғдор кардани номи ватани азизамон надоранд.

Як нуқтаи аз ҳама муҳим дар аъмоли эшон ин аст, ки худро қабл аз ҳама ҳомии дин ва гиромидорандаи арзишҳои исломӣ медонанд. Агар Худое накарда амали ин “ходимони дин” ба бехудое ошкор гардад, ҳазорон нафрин ба дини муқаддаси ислом хоҳанд кард. Ва агар онҳо дарёбанд, ки хиёнат дар шинохти эшон қаҳрамонист, пас…

Пас сари ин масъала мебояд ба таври ҷиддӣ мулоҳиза кард. Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ солҳо дар дохили ватан буданд. Ҷою мақом ва вазифаҳоро соҳиб буданд. Аз ҳисоби хоҷагони худ пули бешумор ва бештар аз ҳар касе доштанд. Аммо барои ободию пешрафти ватан чӣ кореро ба сомон расониданд? Ба таъбире аз ҷуйбор нагузаштаанду иддао доранд, ки аз уқёнус гузаштаанд.

Биноан вазифа ва қарзи шаҳрвандии мост, ки хоинонро шиносему онҳоро ҳамвора нафрин кунем. Дарк намоем, ки гуфтаҳои онҳо ба хаспорае намеарзаду доду вовайлои онҳо чун “аккоси сагон ба сӯи моҳ” асту бас. Донем, ки онҳо ба андозаи як донаи арзан ҳаққи ҳарф задан аз номи ватани моро надоранд. Бигузор то ҳастанд, назди соҳибони худ қарзи хоиниашонро иҷро намоянду назди омма нақши ватандӯсторро бозанд ва худи эшон низ инро ба дурусти дарк кардаанд. Ҳама бадбинию бадгӯӣ дар ростои хоинон кам аст ва агар онҳо дар пасттарин ҳолат низ афтанд, зарраи тараҳҳум барои эшон ҳаром аст, чун онҳо пурарзиштарин ганҷ, муқаддастарин арзиш, ноёфтарин неъмат, волотарин сарват барои инсон ВАТАН-МОДАР-ро фурӯхтанд.

Ашуров С.Х. – дотсент, декани факултети “Бизнес ва идоракунӣ”-и ДДҲБСТ

You might also like