Суханҳои М.Садриддин – беасосу далел ва пур аз туҳмату буҳтон
Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ногузир бархурди тамаддун ва расму одатҳо сар мезанад. Ҳар қавму миллате, ки ҳифзи расму одат ва дини ниёгони худро пос медорад, метавонад аз ин бархурдҳо одатҳои миллии хешро ҳифз намояд.
Дар асри 21, ки асри иттилоот низ меноманд ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.
Ибрози ақида дар шабакаҳои иҷтимоӣ маънои онро надорад, ки нафаре чӣ хоҳад иброз дорад ва андешаи нопоки худро зикр намоянд. Андешаи инсон ҳосили тафаккур ва тарзи зиндагии ӯст. Ҳар афроде, ки тафаккури танг ва ҷаҳонбинии баста дорад, ба сухани дигарон зуд бовар мекунад ва тез мавқеи худро аз даст медиҳад.
Муҳаммадиқболи Садриддин низ яке аз хоинон ба ҳисоб рафта, мунтазам дар канали бо номи “Ислоҳ”, ки худ онро роҳбарӣ мекунад, маводҳои бардурӯғ ва иғвоангезонаро нашр менамояд.
Барои мисол санаи 07.07.2021 аз ҷониби номбурда маводе бо номи “Устоди Озода Раҳмонова, “дипломат” аруси собиқи Э. Раҳматуллоев ва СС.Ятимов” нашр шуд, ки пур аз дурӯғ ва тӯҳматҳо мебошад.
Номбурда дар маводи мазкур нисбати кормандон кунунӣ ва собиқи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ҷумла Бурҳонова Садбарг Ғаниевна, Ҳамрохон Зарифӣ, Ибодзода Анвар, Давлат Назирӣ ва ба таври умумӣ доир ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, фаъолияти онҳоро зери танқид қарор додааст ва нисбати онҳо суханҳои дурӯғ ва буҳтонҳоро нашр намудааст.
Албатта, ҳар яки мо медонем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиаш ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, дар амалисозии ҳадафҳои хоҷагонаш саҳм мегузорад. Яъне мақсади асосии инҳо бо ҳар роҳу восита мардумро зидди давлат равона намудан ҳасту халос.
Аз ин лиҳоз, ба инҳо фарқе надорад, дар бораи кӣ мавод нашр мекунанд, маълумотҳо дуруст аст ё дурӯғ, дар бораи зан аст ва ё мард. Муҳим он аст, ки муҳтавои мавод танҳо ба он нигаронида шуда бошад, ки мардумро зидди мансабдорони давлатӣ ва умуман сиёсати давлатӣ равона кунад.
Баробари хондани маводи болозикри М.Садриддин шахс ба хулосае меояд, ки мавод танҳо фарогирӣ туҳмат, иғво ва як маълумотҳои беасос аст. Яъне агон калима маълумоти дар мавод омада, исботи худро надоранд. Яъне маводи мазкур тамоман беасос ва бемаънӣ аст.
Ҳар яки мо медонем, ки тамоми маълумот бояд сарчашма ва ё ягон далели тасдиқкунанда дошта бошад, лекин ин хоини ватанфурӯш М.Садриддин дар ягон маводаш сарчашма ва ё ягон далелро немеорад. Зеро тамоми ин суханҳояш дурӯғ ва танҳо бо мақсади иқвоангезӣ нагаронида шудааст.
Ба ҳама маълум аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо тамоми ҳастии пасту палидаш нисбати Тоҷикистону мардумаш нафрат дорад. Нисбати ҷиноятҳои ин шахс ва хиёнатҳои ӯ чандин маротиба матлабҳо ба нашр расидаву табиати аҳримании ӯ борҳо ифшо шудааст.
Албатта ҳар кореро оғоз ва анҷом аст. Хусусан, ҳилаву найрангҳои бешарафон. Хуллас, Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳамаи он ҷиноятҳои содиркарда ва ҳарзагӯиҳои беасосу бедалелаш ҳамаи марзҳоро убур карда, дигар имкони бозгашт ба Ватанро аз даст додааст. Бинобар ин бо таблиғоти дурӯғинаш ақлу шуури нафарони ноогоҳ, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро бо барномаи “Минбари муҳоҷир” дӯздида, ба худ сипар сохтанист. Вале, ӯ хуб фаҳмад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз хоинӣ ва бадрафтории ӯ, ки ба чаҳорчӯбаи одаму одамгарӣ рост намеояд кайҳо огоҳ гардидаанд ва ҳаргиз ба суханҳои ин бешараф гӯш нахоҳанд дод.
Абдулазизов Р.А. – дотсент, муовни декан оид ба корҳои тарбияи факултети “Молия”-и ДДҲБСТ