Мо Кабириро маҳкум менамоем

Калимаи «ифротгароӣ» маънои ноором ва ба иғво андохтани вазъи ҷамъиятии аҳли башар мебошад. Мақсади асосии онҳо паҳн намудани ҳар гуна иғвою дасисаҳои бардурӯғ дар байни мардум мебошад.

Тамоми мардуми кишвари Тоҷикистон Мухиддин Кабириро ҳамчун як нафари хоин ватанфурўш ва нокасу палид мешиносанд. Ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Зеро Ватану ватандорӣ ва Ҳукумат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Кабирӣ бошад хоини миллат ва ватанфурўш аст, ки аз дур истода тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурўғу фитнаангезро нисбати ҷомеъаи мо паҳн мекунад. Аслан ҲНИ ва ташкилкунандаи онҳо ҳеҷ вақт ба фоидаи мардум кор накардааст. Доим мухолифи давлат аст. Онҳо ҳамеша барои мақсади нопоки худ  кор мекунанд. Имрўз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд ва бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте, ки аъзои собиқ ҲНИ айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба халқу Ватани худ хиёнат карданро сар кардааст. Мухиддин Кабири муддати чанд сол аст, ки нуфузи мардуми Тоҷикистонро бо суханҳои дурўғу бемаъниаш дар арсаи ҷаҳон паст кардан мехоҳад.

Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои ТЭТ ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад.

Саҳми арзанда ва хизмати шабонарўзӣ ва шуҷоати қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ва имрўз он дасисабозии он хоинони миллат ки нисбати халқи мо мекунанд ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд.

Бояд мо шукронаи даврони истиқлол кунем, ки барои тарбияи насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамаи шароитҳоро муҳайё  кардаанд. Дар тӯли 30 сол дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо як қатор Қонуну барномаҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меёрию ҳуқуқӣ оид ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон баҳри соҳиби маърифати баланди башардӯстӣ ва худшиносии миллӣ гардонидани онҳо аз қалби Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон» ба чоп расидааст. Бояд мо фаромӯш накунем ки ҳанӯз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ боиси нигаронӣ дорад. Ҷавонони мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд.

Падару модаронро зарур аст, ки аз ин шароиту ғамхориҳои давлату ҳукумат истифода карда, фарзандони худро соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гардонанд. Мунтазам ба дарсҳо иштирок кардан ҳанӯз маънои хонданро надорад, балки аҳмияти хонданро дарк кардан ба хондан руй оварданро дорад. Дар ниҳоди фарзандон муҳаббат ба мактабу муаллиму китоб парварем, ки нахондан дар ҷаҳолат мондан аст, ҷаҳолат тирагии ақл аст, ақли тира накӯиро намебинад.

Умед аст дар Тоҷикистони биҳиштосо таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат – Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи ободкорони  Ватан, ҳадяоварони ҳаёти музаффар афзун мешаванд. Кишвари мо аз ин зиёда ба таваҷҷӯҳи аҳли башар афтода, бо меҳр қадамгоҳи меҳмонон мешавад.

Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки баҳри боз ҳам ободу зеботар гардонидани ватани биҳиштосоямон аз таҳти дил кору меҳнати самимию бобаракат карда, дар таълиму тарбияи насли ҷавонон саҳми арзанда дошта бошем.

Мирзоҷонова М. Қ. – мудири кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like