ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ АЗ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИЮ ДИНӢ ВОБАСТА АСТ!
Масъалаи терроризм ва ба ҳаракатҳои ифротӣ рӯ овардани ҷавонон дар маркази диққати роҳбарияти мамлакат бахусус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат қарор гирифтааст ва дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба таври амиқ масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Дар шароити ҳозира терроризм ва амалҳои террористӣ ба ҳодиса ва раванди мудҳиштарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии гаравидани мардум, махсусан ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротӣ на ҷанбаи моддӣ, балки бештар ҷанбаи маънавӣ дорад.
Дар ин доира паст будани маърифати динӣ ҳамчун яке аз сабабҳои асосӣ баромад мекунад. Ҷавононе, ки мубталои андешаҳои радикалӣ гаштаанд асосан ҷаҳонбинии онҳо дар заминаи таасуб шакл гирифтааст. Зеро ягон дине вуҷуд надорад, ки дар он арзишҳои волои инсонӣ – сулҳу оштӣ, амният, адолат, сулҳдӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ғ. арзишҳои ахлоқӣ вуҷуд надошта бошад ва ё дар ҷои аввал қарор нагирифта бошад.
Ҷанбаи дигар паст будани дониши ҳуқуқӣ аст. Аксар вақт ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, рафтори худро боадолатона мешуморанд ва ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки чунин рафтор онҳоро аз кадом ҳуқуқҳо маҳрум мекунад. Таҳлили ҳуқуқии рафтори онҳо нишон медиҳад, ки ин рафтор на адолатпарварона аст, балки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон равона шудааст.
Маврид юа зикр аст, ки аз дигар ҷониб дастоварду пешрафт ва гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизро душманони миллат чашми дидан надорад. Сари ҳар қадам монеаҳо эҷод мекунанд ва нисбати давлату миллати тоҷик ҳаргуна суханро мегӯянд, мо дигар фирефтаи найранги навбатии онҳо намешавем. Зеро «кӯр як бор асояшро гум мекунад». Онҳо таҳти роҳбари ТЭТ ҲНИ бахусус Муҳиддин Кабирӣ, Сайдюнуси Истравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон аз гумроҳии ҷавонон ба ҳар роҳу восита сӯи истифода ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил месозанд. Ҳизби мамнуъшудаи ҲНИ аз солҳои 1978-1980-ум қарни гузашта то соли 2015 дар кишвар фаъолият кардааст. Дар тӯли фаъолияташ ба чандин ҷиноятҳои вазнин даст задаанд. Барои мардум ягон кореро ба анҷом нарасониданд, фақат барои худ кушку қасрҳо сохтанд. Айни ҳол рӯ ба кишварҳои аврупоӣ оварда, бо долларҳои бедардимиёни аз хоҷагони хориҷӣ гирифтаашон мехоҳанд, сулҳу осоиши кишвари мо халал ворид созанд.
Боз мехоҳанд чун солҳои 1990-1992-юм дар байни мардум ҷудоӣ андозанд ва низоъ бархезонанд.
Мо-тоҷикон чеҳраи аслии душманони миллатро медонем ва нағз дар хотир ҳам дорем. Ба роҳбари ҲНИ ва лагандбардоронаш гуфтаниям:
Аз минбарҳои баланд бар зидди миллату давлати хеш баромад карда, магар оини мардист?
Оё наметавонӣ, ки ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят созӣ?
Оё иттиҳоду осоиш шиори дини мубини ислом нест?
Байни мардум низоъ хезондан, хуни ноҳақ резондан дар кадом китоби дини мубини ислом навишта шудааст, ки гунаҳ нест? Терроризм ва экстремизм бошад ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини ислом.
Ҳамагуна пешравӣ, сулҳу амонӣ аз якдилию иттиҳод вобастагӣ дорад. Тинҷиву оромист, ки мо-тоҷикон метавонем, бе ягон мамоният дар шодию хурсандии ҳамдигар иштирок намоем. Дар рӯзҳои азодорӣ низ ғамшарики якдигар бошем. Даст ба дасти ҳам дода, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия менамоем. Ба онҳо касбу ҳунар меомӯзонем. Ин ватан аз мост ва мо-тоҷикон метавонем дар ҳамбастагӣ онро ободу зебо гардонем.
Яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз терроризм ва амалҳои террористӣ бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Сатҳи нокифояи худшиносии миллӣ инсонро фирефтаи иҷрои амалҳои ношоиста мегардонад. Гурӯҳҳои гуногун ва давлатҳои алоҳида маҳз ҳамин нуқтаи заифи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ медароранд.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Абдувоҳидов М. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ