Ворух – яке аз марказҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон

Масъалаи сарҳадии байни Қирғизистону Ворух яке аз муҳимтарин масъалаи баҳсталаб ба шумор меравад.

Деҳаи Ворух баъд аз Тамоҳуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Дар асрҳои 9-10 ноҳияи Исфара ва Ворух чун дигар ноҳияҳои водии Фарғона ба ҳайати давлати миллии тоҷикон — Сомониён дохил шуд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр. Аз соли 1870 давраи нави афзоиши аҳолии маҳаллии Ворух оғоз мешавад. Хусусияти асосии ин давра якбора зиёд шудани аҳолии маҳаллӣ аз ҳисоби муҳоҷирони қаротегинӣ ва мастчоҳӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра берун аз ҳудуди маркази таърихӣ маҳаллаҳои нав ташкил ёфтанд. Ворух яке аз қадимтарин масканҳои аҷдоди халқи тоҷик буда, аз мавзеъҳои Пули Офтобрӯ, Лар, Заминун, Кех, Шахи Сафед, Тамлик, Чакак, Нови Ағва, Қалъаи Бақо, Хоҷаи Имом, Бодомча, Хоҷаи Ғор, Шолидаврон, Лочин, Беди Каҷ, Тангии Ворух иборат аст.

Яке аз масъалаи муҳиме, ки бевосита ба Ворух дахл дорад, ин масъалаи сарҳадӣ байни сокинони он ва мардуми Қириғизистон мебошад. Оид ба ин масъала чандин гуфтушунидҳо аз ҷониби ду кишвар баррасӣ гардида буд ва ҳоло ҳам идома дорад, ки сафари Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охирҳои моҳи июни соли 2021 гувоҳи он мебошад. Ин яке аз масъалаи меҳварӣ ва асосии ин сарзамин ба шумор меравад.

Мушкилоти хатти марз, баҳс дар атрофи минтақаҳои наздимарзист, ки чанд сол боз мардуми ду тарафи марзро ба мушкили иртиботи ҳамсоягӣ, обу замин, часпу талоши сарҳадбонон, гуфтушуниди мақомоти давлатӣ ва нооромӣ дар хатти марз рӯ ба рӯ кардааст.

Ворух таҳти таваҷҷуҳи роҳбари давлат қарор дорад ва қарор дошт. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух зиёд мебошад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат то ба имрӯз Ворух ободу зебо гардонида шуда, чандин ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳайё гардидаанд. Дар мамлакат  бо ифтихори истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, тадбирҳои ободонӣ  идома ёфта истодааст. Бо таваҷҷӯҳи хосса ва доимии Роҳбарияти далату Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ – иҷтимоӣ рушд ёфта истодаанд. Агар дар хусуси ободонию бунёдкорӣ дар Ворух сухан ронем, то ба имрӯз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон дар ин  деҳа чандин корхонаҳои саноативу маишӣ, мавзеҳои фарҳангиву варзиҳӣ бунёд шуда ба истифода дода шудаанд. Айни ҳол дар ҷамоати Ворух чандин иншоот сохта шудаанд ва сохтмони иншоотҳо давом ёфта истодааст.

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигар ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эй Ватан – ҷонам.

Мирзоҷонова М. Қ. – мудири кафедраи забони англисии  ДДҲБСТ

You might also like