МО ФИРЕФТАИ ТЭТ ҲНИ НАХОҲЕМ ШУД

Дар шароити ташаннуҷи ҳаррузафзояндаи олам ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошем ва дар ҳифзи сулҳу суботи Тоҷикистони ҷоноҷонамон ҳиссагузорӣ кунем. Имрӯз ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ номи муқаддаси исломро дуздида ба худ мегузоранд ва ҷавонони ноогоҳро фирефтаи доми худ месозанд. Аксарияти ин ташкилотҳо аз тарафи душманони ислом роҳандозӣ мешаванд. Ба воситаи ақидаи тундравона ва оштинопазири ин ҳизбу ҳаракатҳо душманони дини ислом мехоҳанд чеҳраи исломро сиёҳ ва мусалмононро дар назди ҷаҳониён беобрӯ созанд.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чандин минбарҳои байналмилалию ватанӣ иброз доштанд, ки терроризм ба дини мубини ислом иртиботе надорад. Яке аз ҳамин гуна ташкилотҳое, ки аз калимаи ислом ҳамчун дом истифода намуда, ҷавонони ноогоҳро ба сӯи худ ҷалб месозад ТЭТ ҲНИ аст.

Ин ҳизб солҳои наваддуми асри гузашта ташкил ёфта, то имрӯз дар бисёре аз кишварҳои дунё зуҳур намудааст. Барномаи ин ҳизб гарчанде бо истилоҳоту шиорҳои исломӣ зинату ороста шуда бошад, ҳам мутолиаи амиқ ва хулосаи коршиносони воқеии исломӣ нишон медиҳад, ки ин як таълимоти худсохт буда, аз сарчашмаҳои асили ислом яъне Қуръону ҳадис ва таълимоти арбобони хираду андешаи динӣ, бахусус таълимоти Абуҳанифа фарсахҳо дур мебошад.

Маълум аст, ки ҳадафу усули тарғиби ин ҳизб бар зидди сохти конститутсионӣ равона карда шудааст. Бинобар ҳамин аксарияти  мамлакатҳои исломӣ фаъолияти ҳизби мазкурро ифротгароёна баҳо дода, манъ кардаанд. Дар Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб аз соли 2015 манъ шуда, дар рӯйхати созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷой гирифтааст

Дар низоми сиёсии муосир машварат хоҳ ба восита бошад (парламент), хоҳ бевосита (раъйпурсӣ) асоситарин сохти идорӣ ба шумор меравад. Аммо таълимоти ҳизби мазкур ҳуқуқу озодиҳои мусулмононро поймол намуда, ягон хел раъйпурсӣ ва интихоботро эътироф намекунад, ва ба «хилофат»-и бо ном исломӣ даъват намуда, истиқлолият ва соҳибихтиёрии миллатҳоро зери хатар мегузорад.

Аз ин рӯ, мо бояд саъю талош кунем, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳадафҳои пинҳон ва мақсадҳои аслии ҳомиёни пасипардагии ин ҳизб огоҳ шаванд. Зеро барномаи ин ҳизб бо раванди таҳаммулпазирии динҳо ва сулҳу оштӣ муқобил аст.

Давлати тоҷикон аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бар зидди терроризм ва экстремизм пайваста ва пайгирона муборизаи ҷиддӣ ва шадид бурда истодааст.

Дар ин радиф иқдомҳои мубориза алайҳи терроризми Ҷумҳурии Тоҷикистони азизро пешсафони давлатҳои абадқудрати дунё эътироф кардаанд.

Чун ин ташкилоти нопок, ки ба ҳадафҳои нопоки худ расида натавонистанд, роҳи дигари номардонаи худро бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ таҳрезӣ менамоянд.

Мо шаҳрвандони бошарафи Тоҷикистон ин ҳолати разилонаи душманони инсониятро, ки ба орияту нангу номуси миллати мо доғ оварданианд, сахт маҳкум мекунем.

Исмоилов Ш.М.  – н.и.и., муаллими калони кафедраи  технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like