БЎҲТОНҲОИ НАВБАТИИ ТЭТ ҲНИ
Мутаъсифона то ҳол дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба чунин пешрафт ва тинҷиву оромии Тоҷикистон, ки дар мудддати кӯтоҳи 30- соли итиқлоли давлатӣ ба даст омадааст шукр накарда, барои маблағ ба гумроҳ намудани мардум машғул мебошанд. Ин гуна шахсон бо ҳар роҳу восита мардумро фиреб намуда, мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро нотинҷ созанд ва барои маблағ омодаанд зидди миллат ва Ватани худ хоинӣ кунанд.
Имрўз хоинони миллати мо мехоҳад доираи амиёти худро васеъ намуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ғаразҳо ва бўҳтонҳои худро ба самти давлату ҳукумат равона созанд ва обрўву эътибори давлати соҳибистиқлолу демократиамонро дар арсаи байналмилалӣ паст намояд. Хушбахтона ин амалҳои ноҷавонмардонаи онҳо амалӣ нахоҳад шуд.
Ба ин хоинони миллат, ки худро мухолифин меноманд бори дигар ёдрас кардан зарур аст, ки бояд то охири умр дар хотир дошта бошанд, ки танҳо давлату Ҳукумати побарҷо ва дар тамоми самтҳо дастболо ва муваффақ соҳиби буҷаи давлат, дар ихтиёраш артиши миллии тавоно ва мустаҳкам, ниҳодҳои бузург ва ғайраҳоро дошта метавонад, на ин ки як гурўҳи ночизи гуреза, ки ба ватану миллати хеш хиёнат намуда, ба умеди хоҷагони хориҷии худ дар кишварҳои бегона дастнигар шуда, умр ба сар мебаранд.
Гуфта шудааст, ки муқоисаи ҳукумат бо мухолифон иштибоҳи бузург аст. Зеро мухолифин ба ҷуз аз фитнаву бўҳтон ва аз номи мардуми кишвар, ки дар осоиштагӣ зиндагӣ доранд баромад мекунад ва изҳор медорад, ки гўё ҳуқуқи озодиҳои онҳоро ҳимоя мекарда бошанд. Ҳуқуқу озодиҳои мардуми шарифи Тоҷикистонро Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд на ин ки гурўҳ ё шахсони алоҳида.
Ташаббус ва иқдоми давлату Ҳукумат буд, ки шиддати бемории сироятии COVID-19 – ро паст гардонид. Гурӯҳи ин хоинони кишвар чӣ тавоноӣ дорад, ки садди роҳи паҳншавии ин беморӣ шуда тавонад.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо сомонаҳои иҷтимоӣ барои барҳе аз нохалафон мисли обу нон гаштааст ва ҳар чизе, ки хоҳанд дониставу надониста интишор мекунанд, ки ин амали ноҷавонмардона мебошад.
Фаъолияти ин гуна хоинон воқеиятҳои ҷомеаро ошкор намекунад, балки мардуми осоиштаро ба дасисабозиҳояшон ва бўхтонҳо нисбати давлату Ҳукумат ҳидоят карданӣ мешаванд. Аммо мардум ин кирдорҳои онҳоро ба зуди дарк намудааст, зеро онҳо дар кишвари озоду обод умр ба сар мебаранд. ТЭТ ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ва дигарон ба хотири он гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ эълон шудаанд, ки ҳадаф ва мароми онҳо бар зидди сиёсати давлату Ҳукумат ровона гардидааст, инчунин андешаву акидаҳояшон беш аз тундравӣ ва ғараз доштан дигар чизе нест.
Нисбати намояндагони ин ташкилотҳои экстремистӣ, ки кирдорҳои ноҷавонмардонаро амалӣ намудаанд давлат ба онҳо ҷазоҳои сазовор додааст ин мақсад хеле мувофиқ мебошад. Зеро хоинони Ватан барои мақсаду кирдорҳои хоинонаашон дар назди қонун бояд ҷавоб гўянд. Дар хориҷи кишвар Кабирӣ худро барои ҳаммаслаконаш “Президент” эълон намуда, Муҳаммадиқболи Садриддинро “сарвазир” таъин намуда, ки ин орзуи деринаи амалинавандаи онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳақиқати ҳол он аст, ки мардум нисбати ин нафарон нафрат хонда, онҳоро барои кирдорҳои нопокашон сахт маҳкум намудаанд.
Мирзоев А. Н. – муаллими калони кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ