ИДДАИ БЕАСОСИ БАЪЗЕ НАФАРОНИ ИҒВОАНГЕЗ

Маълумоте, ки дар саҳифаҳои хабаргузорӣ дар хусуси даъвоҳои беасоси профессори қирғиз Қиёс Муллоқосимов – бо иддаои чоряки сарзамини кунунии Тоҷикистон марбут ба қирғизҳо нашр шудааст, ҳар як фарди худогоҳу меҳанпарасти тоҷикро ором гузошта наметавонад.

Бояд тазаккур дод, ки журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва роҳбари кунунии Бунёди “Мурас” дар мусоҳибаи чанде пеш дар нашрияи “KoomPress”  иддао дорад, ки на танҳо Мурғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд – маркази сиёсию маъмурии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарзамини қирғизҳо тааллуқ дорад. Ба иттилои маохизи таърихӣ, алҳол шудааст. Вале, сарфи назар аз ин, дар мусоҳибаи худ бо нашрияи нашрияи “KoomPress” дар радифи дигар иддаоҳояш аз боби решаҳои туркӣ доштани номи Хуҷанд шубҳа овардааст, ки он асосманду собитшуда набуда, ба ҳақиқати асл мутобиқат намекунад.

Воқеият ин аст, ки саркардаи моҷарои дар хусуси делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷониби Қирғизистон буда, иқдоми худро ба мақсади ғасби минтақаи тоҷикон ба роҳ мондаанд, ки дар воқеаҳои рухдодаи рӯзҳои охир инъикос ёфтанд. Таҳлили вақтҳои охир нишон медиҳад, ки баъзе афроди қирғизиён аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низоъи миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад, ки номбурда (профессори қирғиз) аз ҷумлаи онон мебошад. Зеро аз гуфтаҳои профессори қирғиз барин баъзе нафарони иғвоангез муноқишаи хунини охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сар зад, ки бо тақрибан 55 куштаву ҳудуди 240 захмӣ шуданд, ки пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи ҳам муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳам дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи ҳалокати 36 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар хабар додааст.

Ҳайратовар аст, ки мардуми ҳамсоя баъди солҳои тӯлонии ҳамсарҳадӣ иддаои ба ҳайати вилояти мухтори Қара-Қирғизистон шомил шудани Ҷиргатолу Мурғоб тибқи харитаи соли 1925 доранд, ҳол он ки бино ба изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД вилояти Суғд :“Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеҷ гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд”.

Ҳақиқати асл дар он аст, ки Муллоқосимов ба имкони пас гирифтани Мурғобу Ҷиргатол зиёд бовар надорад, вале бар андешаест, ки Қирғизистон бояд дар ин масъала  истодагарӣ кунад: “Ин кор, ростӣ, хеле кори мураккаб аст. Вале вақте имрӯз онҳо ба бархе заминҳои Лайлаку Бодканд даъво доранд, чаро мо наметавонем Ҷиргатолу Мурғобро, ки онҳо қирғизҳо зиндагӣ доштанду доранд, талаб накунем? Мо ҳам бояд талаб кунем. Вале оё тоҷикҳо ба мо заминҳоеро, ки чоряки қаламрави онҳоро ташкил медиҳанд, медиҳанд ё на? Онҳо мехоҳанд бо гузоштани шарти тақсими баробари 70 ҳазор гектар замин дар Бодканду Лайлак бурд кунанд. Мо ҳеҷ гоҳ набояд ба ин розӣ шавем. Агар онҳо аз Бодканду Лайлак замин мехоҳанд, мо бояд истодагарӣ ва якдилӣ нишон дода, масъалаи Мурғобу Ҷиргатолро бардорем, чунки дар вақташ дар асоси қарори сиёсӣ ҳангоми ташкили вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин заминҳоро аз ҳисоби вилояти мухтори Қара-Қирғизистон гирифта буданд.”

Дар масири ин гуфтаҳо қайд кардан зарур аст, ки мушкилоти асосии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзист. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Андешае ба миён меояд, ки ҳоло ки вазъ дар марзи Воруху Оқсой айни ҳол ором буда, таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад, баъзе афроди иғвогар дар сар чӣ нақшаҳо барои ғасби минтақаи тоҷикон  доранд, ки чунин овозаҳо паҳн намуда, дар дили ду мардуми ба ҳам ҳамсоя шӯру кина меангезанд.

Салимова М.М. – дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

 

You might also like