Даъвоҳои беасос боиси бад шудани муносибат хоҳад гардид

Дар замони муосир башарият ба як зумра мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст, ки аз хавфу хатар ва таззодҳои он ҷомеаи муслимини кишварҳои олам низ истисно нест. Агар бигӯем, ки ҷаҳони ислом дар рӯзгори кунунӣ буҳрони азимеро аз сар мегузаронад, иштибоҳу муболиғае нахоҳад буд. Кӯшиши абарқудратҳои олам ба тақсими бозорҳо ва минтақаҳо, амалкарди онҳо танҳо ба нафъи геополитикии хеш, ба сари мардумони гуногундину мазҳаб ва гуногунтамаддун бор кардани арзишҳои мамолики тавоно, аз сӯи дигар – хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллии кишварҳои хурд дар натиҷаи ҷаҳонгароӣ боиси он шуд, ки имрӯз ҷаҳони ислом пора-пораву ба ҳам мухолиф шудааст.

Дар харитаи олам пайдо шудани нуқтаи доғе бо ном «ДИИШ», дар ҳама манотиқи дунё, дар ҳама давлатҳо новобаста аз дину мазҳаб густариш ёфтани мафкураи зиддиинсонии ин гурӯҳи террористӣ ба дини мубини ислом бо ҳама шукӯҳу шаҳомати инсонпарвариаш зарбаи хеле қавӣ зад. Ҳоло дар аксар кишварҳои олам аз самараи бади фаъолияти ин гурӯҳи размҷӯву пурхатар аз вуҷуди мусулмонон ҳазар мекунанд, номи поки исломро бо падидаҳои нанговаре, чун тундгароиву терроризм пайванд медиҳанд.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ низ аз зумраи чунин ифротиёне ҳастанд, ки бо истифода аз дини мубини Ислом мақсадҳои нопоки худро амалӣ намудан мешаванд.

Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз чунин ифротиёне мебошад, ки мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ҳамеша номи Тоҷикистон ва халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ паст мезанад. Аз рӯи суханронии ин хоин гӯё дар Тоҷикистон ҳоло ҳам бетартибӣ, гушнагӣ ва беқонунии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфта истодааст. Аз номи дини Ислом баромад намуда, ӯ ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат менамояд ва ба ҳар роҳу восита мехоҳад мардумро фиреб намуд, бар зидди давлат равона намояд. Вале мо мардуми Тоҷикистон ин хоинро хуб мешиносем ва ҳаргиз ба ӯ ва хоҷагони ӯ бовар нахоҳем кард.

Санаи 19 июни соли равон, ки Муҳаммадиқболӣ Садриддин дар шабакаи иҷтимоии ютуб баромад намуда, боз аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намуд, гувоҳӣ он буд, ки ӯ дар ҳақиқат фурӯхтаи хоҷагони худ гашта, хостгори дар Тоҷикистон оғоз намудани ҷангро дорад. Зеро дар ҳар як ҷумлаи худ ин хоинони миллат иброз медоранд, ки бояд инқилоб кард, ба митинг баромад, зидди давлат баромадан лозим, мардум бархезед… ва ғайра. Ин гувоҳи он аст, ки ин хоинони миллат мехоҳанд танҳо дар Тоҷикистон бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намоянд ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ҳокимиятро ғасб намоянд. Барои оғози бетартибиҳо ва ҷанг онҳо як асосҳо ва сабабҳоро меоранд, ки барои чунин асос ва сабаб бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намудан ин як ахмақгарӣ асту халос, яъне онҳо кӯшиш доранд то барои кайк пӯстинро сӯзонанд.

Дар баромади худ ӯ иброз медорад, ки гӯё Тоҷикистон баъд аз сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 10-11 июни соли равон як қисми заминҳои ноҳияи Мастчоҳро аниқтараш гирду атрофи “Фарҳод ГЭС”-ро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода бошад. Ин бе ғайр аз як сафсата чизи дигар набуда, танҳо хусусияти иғвоангезона дорад тамом.

Зеро ҳамаамон шоҳид ҳастем, ки соли 2018 делегатсияи Ӯзбекистон бо сарварии сарвазири ҷумҳурии мазкур Абдулло Орипов ба шаҳри Душанбе омада буд, ва гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Ӯзбекситон ба хулосае омада буданд, ки ҳудуди “Фарҳод ГЭС” ҳамчун замини Тоҷикистон эътироф карда карда шавад.

Ин суханҳое, ки онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд танҳо мақсади мардуми ноҳияи Мастчоҳро зидди сиёсати давлати равона намуданро дораду халос. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба суханҳои бофтаю бардурӯғи онҳо ҳаргиз бовар накунем. Зеро мақсади асосии онҳо бо роҳи ҷанг ва хунрезӣ соҳиб шудан ба давлат мебошад.

Вобаста ба ин, мардуми моро бо шиорҳои дурӯғини худ фирефта намуда, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Мо бояд хуб донем, ки сулҳи тоҷикон ки мо дар арафаи он таҷлили 24-солагии он қарор дорем ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин, ки сулҳ ҷовидон ва пойдор бимонад ва мероси наслҳои ояндаи мо бигардад!

Саломов Д. – мудири бахши

кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like