Бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем
Ба ҳамагон маълум аст, ки террористу экстремист ватан, мазҳаб ва дин надорад. Имрӯзҳо терроризм чун вабои асри XXI тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.
Яке аз хоин ва душмани мардуми тоҷик, ки дар хориҷи кишвар қарор дошта, зидди Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои бардурӯғ менамояд ин Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад.
Санаи 19 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии бо номи “Ислоҳ. нет” маводе нашр намуд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон заминҳои ноҳияи Мастчоҳро ба Ӯзбекистон дода бошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин суханон комилан дурӯғ буда, танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос. Зеро худ шоҳид ҳастем, ки ягон ваҷаби ноҳияи Мастчоҳ ба давлати ҳамсоя нагузаштааст. Ин танҳо як маълумоте ҳаст, ки М.Садриддин мехоҳад бо воситаи он дили мардуми Мастчоҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон хунук намояд ва онҳоро ба шӯриш нисбати давлат бархезонад. Яъне ба воситаи ин маълумотҳои бардрурӯғ ӯ мехоҳад мардумро ба митинг ва ҷанг даъват намуда, ба манфиати худ, ки мақсади ӯ ва Кабирӣ бо роҳи зӯри ғасби ҳокимият мебошад истифода баранд. Аксаран барои оғози бетартибиҳо ва ҷанг онҳо як асосҳо ва сабабҳоро меоранд, ки барои чунин асос ва сабаб бетартибиҳо ва ҷангро оғоз намудан ин як ахмақгарӣ асту халос, яъне онҳо кӯшиш доранд то барои кайк пӯстинро сӯзонанд.
Албатта мо мардуми Тоҷикистон аз ношукрӣ ва хоинии М.Садриддин хуб огоҳ ҳастем ва ҳаргиз ба суханҳои ифротии ин шайтони одамсиришт бовар нахоҳем кард. Вале нанговар он аст, ки ӯ ва ҳаммаслакони ӯ дар хориҷи кишвар қарор дошта, нисбати Тоҷикистон, ки бо нону намак ва обу ҳавои ин диёр ба воя расидаанд суханҳои бардурӯғ ва сиёҳкунанда мезананд.
Мо хуб огоҳ ҳастем, ки маҳз аъзоёни ҳизби террористии наҳзати ислом дар солҳои наваддуми асри гузашта барои мансаб ва ҷорӣ намудани ғояҳои бегона ба Ватан ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар рӯзҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ ҳамарӯза дар такопӯи дарёфти хӯрока, бештар нон сарсону саргардон будем. Аз тамошои филми хиёнат огоҳ мешавем, ки аз рӯи нақли як модари тоҷик дар вақти баргаштани гурезагон аз Афғонистон ба Ватан мутаъсифона аз ду фарзанд танҳо як нафарашро оварда тавонистаасту халос. Баъди гузашти зиёда аз бист сол ҳоло ҳам модари бечора бо чашми гирён аз ҳодисаи ҳамон вақтҳо ёдовар гашта, иброз медорад, ки тақдири фарзанди шашсолаи ман чи шуда бошад. Зинда бошад ва ё вафот карда бошад. Ин танҳо як мисол аст, ки инҷо оварда шуд. Ин гуна мисолҳоро метавон мутаъсифона ҳазорҳо овард.
Баъди гузаштани чандин солҳо, баъди расидан ба чунин дастовардҳо боз Кабирӣ, М.Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ҳамагонро ба митинг, зидди ҳукумат шӯриш бардоштан даъват менамоянд. Бо ин баромадҳояшон дидаву дониста мардумро гумроҳ сохта, боз ба ҷангӣ шаҳрвандӣ бурданианд. Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки ҷанг дар ягон давру замон ба ягон давлату миллат фоидае наовардааст. Албатта айни замон ягон нафар ба онҳо бовар нахоҳад кард, ҳамаи кӯшишҳои онҳо бефоида аст. Вале, аз рӯи адолат баҳо диҳем М.Садриддин беинсоф, хоин, беақл ва гӯё шахси ба бемории рӯҳи гирифторшуда мебошанд.
Аз рӯи шариати Ислом дидаву дониста зер карда куштани мӯрча гуноҳ аст. Худ тасаввур намоед, ки ин “муҳофизони дини ислом” чи гуна амалҳоро анҷом дода истодаанд. Ба марги ҳазорҳо мардуми Тоҷикистон ва сарсону саргардон гардидани онон сабаб гардиданд. Бояд мо аз хотир набарорем, ки агар онҳо нияти пок медоштанд ҳаргиз соли 2015 бо мақсади анҷом додани амалҳои террористӣ ба мардум яроқ тақсим намекарданд. Албатта яроқ ин асбоби ороишӣ ва як бозичаи нест. Ҳар кас, ки яроқро ғайриқонунӣ соҳибӣ ва истифода мебарад нияти пок надорад.
Дар умум, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба воситаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ – ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар амал менамоянд.
Мо бояд аз хотир набарорем, ки марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки халқи тоҷик миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Ватани маҳбуби мо бо боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакроранд.
Алббатта соли равон, ки яке аз ҷашнҳои муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, ҳар яки мо сокинони ҷумҳурӣ новобаста аз касбу корамон бояд кӯшиш намоем то бо дастовардҳои назаррас ҷашни мазкурро истиқбол гирем. Зеро 30 сол аслан дар назди таърихи инсоният ин баробари як миҷа задан аст, расидан ба чунин дастоварҳо давоми давраи мазкур ин боиси сарбаландӣ ва ифтихори мо тоҷистониён аст.
Мо ҳаргиз намегузорем, ки кадоме як хоини миллат бо ном Муҳаммадиқболи Садриддин чунин Ватани ободи моро бо суханҳои иғвоангезонаи бардурӯғ дубора ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.
Эгамназаров Ҳ.Ҳ. – дотсент, мудири
кафедраи забонҳои хориҷи ДДҲБСТ