ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Ваҳдат – пояи якпорчагии миллат”

 18 июни соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Ваҳдат – пояи якпорчагии миллат” баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, дар он раҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад намуда иброз дошт, ки дар таърихномаи ҳар миллату давлат саҳифаҳое мавҷуданд, ки аз лиҳози моҳияти таърихӣ пурарзиш буда, барои наслҳои имрўзу фардо ҳамчун ҳидоятнома хизмат менамоянд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ падидаи беназир ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки мардуми саодатманди кишвар солгарди навбатии Ваҳдати миллиро дар арафаи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллиамон – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамоянд. Месазад ба сари баланд ба падидаҳои бузурги тақдирсози миллат Истиқлолу Ваҳдат назар афканда, бо орзуву умедҳои нек ба фардои ободу дурахшон қадамҳои устувор гузорем. Илова шуд, ки воқеан, 27-уми июн – Рўзи баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, рўзи Ваҳдати миллӣ – падидаи нодиру пурарзиши таърихӣ, даврони саодатофарину пурнишоти эҳёи дубораи миллат ва оғози созандагиҳост, ки аз файзу баракати он давлату миллати мо аз хатари парокандагӣ эмин монд. Ин санади сарнавиштсози таърихӣ ва мақому манзалати Рўзи Ваҳдати миллӣ барои кулли сокинони кишварамон азизу гиромист. Зеро, маҳз ваҳдати саривақтӣ ва бошууронаи мардуми Тоҷикистон боиси эҳёи давлату миллат ва рушди муназзами кишвар гардид.

Сипас, котиби масъули Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ баромад намуда, афзуд, ки сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дод, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Маҳз, баъди ба имзо расидани санади муҳимми таърихӣ – Созишномаи сулҳ дар мамлакат сулҳу субот таъмин гашта, гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ ба Ватан баргардонида шуданд ва давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз гардид. Ин сабақҳо ва вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон водор месозад, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз намоем.

Дар идома декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Мунира Акмолова дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ”, устодони донишгоҳ, Ҳамзаалӣ Воситов дар мавзӯи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Умед Қаҳҳоров зери унвони “Аз таърихи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва магистранти донишгоҳ Мирзокомил Комилов бо номи “Ваҳдати миллӣ-дастоварди беназри Тоҷикистони соҳибистиқлол” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Дар қисмти дуввуми конференсия як зумра устодону донишҷӯён, ки дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ комёб гардидаанд, бо Сипосномаву Ифтихорнома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like