Ҳифзи арзишҳои миллӣ

Обрӯву нуфузи Пешвои миллати тоҷикон давлати моро дар сархати кишварҳои бонуфуз қарор додааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муяссар гашт, ки муносибатҳои дӯстонаи ду давлати ба ҳам ҳамсоя ва ҳамфарҳанг, Тоҷикистон ва Кирғизистон бори дигар барқарор гарданд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд.

Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Шаҳри Исфара, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳаммарз мебошад, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равобити неки ҳамҷаворӣ байни ду миллат нақши муҳим дорад.Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ барои мардуми шаҳри Исфара, аз ҷумла деҳоти Ворух масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад.Ба маълумоти мардуми Тоҷикистон ва махсусан, сокинони шаҳри Исфара ва деҳоти Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2002 гуфтушунидҳоро бо ҷониби Қирғизистон оғоз карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар байни ҳайатҳои комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст.

Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ мо бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки фаъолияти комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад.Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри сарҳад муайян ва мувофиқа карда шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо омода шуда буд.

Тибқи мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид.Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем.

Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобаста набуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

Мақсади Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ин ба сари ҳокимият омадан аст, барои онҳо фарқе надорад ин мақсад ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбонӣ кунад ҳам. Лекин мо дигар ба он руйдодҳои солҳои 90 роҳ наметием. Мо дуюм бор ба фреб дода намешавем. Кабирӣ ким буданаша нишон дод ва гурехта берун аз давлат истода ба мардуми мо факат нохуши мехоҳад.

Соли 2015 маҳз маблағгузор ва тарроҳи асосии исёни Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода худи Кабирӣ аст. Нақшаи шикастаи худро мехоҳад аз нав сомон расонад. Мардуми мо зиракиро аз даст наметияд ва ба роҳи фреби ин ПМТ намегардад. ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ ҳамун ваҳҳобиёне, ки солҳои 90-уми асри ба сари мардуми тоҷик ҷанги дохилӣ оварданд ва мехоҳанд боз ҳам ҷанги дохилӣ сар занад. Аз ҳама солҳои вазбин барои давлати мо солҳои 1992-1997 буд. Мо дигар намеҳоҳем ки, ба сари давлати мо боз мушкилиҳо  биёд.

Зинда бод Тоҷикистони азизи мо, зинда бод Пешвои миллат!

Туразода Ҷ.А – дотсенти кафедраи

иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

 

You might also like