Қаҳрамонсозии наҳзат аз фаъолияти Кабирӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият аз тарафи душманони миллат ба монанди намояндагони ТЭТ ҲНИ ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси харобиҳои зиёд ва талафоти моливу пулӣ гардид. Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ то соли 1997 дар Ҷуҳурии Тоҷикистон дар қисмати молиявии ҳукумат қариб, ки ягон маблағ набуд. Ҳамаи ин харобиҳо аз хиёнати наҳзатиён ва ҳамкасбони онҳо буданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш ба миллати тоҷик хиёнат намуданд. Маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳ барқарор гашта, кишвар рӯ ба рушди иқтисодӣ ниҳод. Агар солҳои 1992-1997 дар буҷаи кишвар ягон маблағ набуд то ҳоло он дар соли 2020 ба 24 миллиард сомонӣ расидааст, ки маҳз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Доир ба истифодаи ин маблағҳо бар зидди мухолифин баъзе намояндагони ТЭТ ҲНИ ибрози ақида намудаанд, ки дуруғ мебошаду халос. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қонун доир ба буҷети мамлакат қабул карда мешавад, ки бо он тамоми аҳолии кишвар ошно мебошанд. Дар ин қонун самтҳои хароҷоти давлатӣ муайян карда шудааст, ки қисмати зиёди он барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар равона мегарданд.
Агар хароҷот барои мубориза бо душманони халқу миллат ба монанди намояндагони ТЭТ ҲНИ шуда бошад ҳам хато нест. Зеро, барои ҳимояи сулҳу субот, манфиатҳои миллӣ ва марзу буми ватан ҳатто ҷони хешро дареғ набояд дошт.
Масъалаи дигаре, ки доир ба он намояндагони ТЭТ ҲНИ суханронӣ намудааснд ин пинҳон нигоҳ доштани хуруҷи бемории Covid-19, ки бояд зикр намуд кард, ки ҳукумати мамлакат тамоми кӯшишҳои хешро ҷиҳати пешгириии ин беморӣ анҷом дод. Агар ақл солим бошад фикр намуда хулоса мебарорад, ки ҳангоми ба таҳлука афтодани инсон иммунитети организм паст мегардад. Ин боис мешуд, ки миқдори беморон аз то ҳол ба ҳисоб гирифта шуда зиёд гардад. Аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ борҳо ба мардуми кишвар муроҷиатномаҳо фиристонда шуд то дар кучаву ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гашту гузор намоянд. То ҳатто давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар назди ин беморӣ оҷиз монданду ин наҳзатиҳо аз чӣ сухан меронанд.
Бояд иброз намоям, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ кайҳо боз мафкураи хешро аз даст додаанд ва дурӯя будани онҳо ба тамоми мардуми кишвар кайҳо боз маълум гаштааст. Онҳо аз ҳар як ҳодисаи дар кишвр ба вуқуъ омада истифода карда мехоҳанд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёҳ намоянд. Аммо, ба онҳо гуфтаниам, ки ин суханони онҳо аз тарафи мардум ҳеҷ гоҳ пазируфта нахоҳад шуд.
Халқи тоҷик як бор ба фиреби ин наҳзатиҳо афтод ва талхии онро чашид ва бори дуюм ин фиребро наҳод хурд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ ниҳода, дар кишвар суботи иҷтимоӣ ҳукмфармост, ки ҳамаи ин аз заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Бо боварии комил мегуям, ки шумо хоинони миллат ҳеҷ гоҳ ба ниятҳои нопоки хеш нахоҳед расид.
Абдулазизов Р. – н.и.и., дотсент, муовини
декан оид ба корҳои тарбияи
факултети молияи ДДҲБСТ