Саҳми олимони ҷавон дар рушди илми тоҷик
«Истиқлолият дар пешрафти илми муосир» таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Мизи гирд ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он олимони ҷавони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ширкат намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иброз кард, ки замона тақозо менамояд мо ҳарчи бештар ба илм таваҷҷӯҳ намоем, корҳои илмиву таҳқиқотиро байни олимони ҷавон бештар ба роҳ монем. Давлату Ҳукумати мамлакат низ дар ин замина барномаву иқдомҳои зиёди манфиатборро таҳия ва амалӣ намудааст.
Дар идомаи мизи мудаввар як зумра олимони ҷавон ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Суннатулло Латипов дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи инкишофи қонунгузории миллӣ”, ассистенти кафедраи молия ва қарз Комронбек Темиров дар мавзӯи “Рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар даври соҳибистиқлолӣ” ва муаллими калони кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Масрурбек Муродов бо номи “Аҳамияти илмҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа” маърӯзаҳҳо ироа намуданд.
Иброз шуд, ки ҷомеаи инсонӣ дар баробари пешрафти илму фановарӣ рушд мекунад ва инкишоф меёбад. Дастовардҳо ва кашфиёти олимон мавриди истифодаи башарият қарор мегиранд, ки он боиси некуаҳволии инсонҳо мегардад. Дар ҳар давру замон вазифаи илм дар ҷомеа ба амал овардани донишҳои илмию назариявӣ буда, дастовардҳои он дар ҳаёт татбиқ мегардид.
Дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи хосса додан ба насли наврас ва ҷавон аз ҷумлаи дастовардҳои беназири истиқлолият мебошад. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Олимони тоҷик кўшиш менамоянд, ки дар раванди баланд бардоштани тафаккури илмиву техникии аҳли ҷомеа, ҳисси худшиносиву худогоҳии насли наврас ва тарбияи ватандўстӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ нақши калидӣ дошта бошанд, илова шуд дар идомаи мизи мудаввар. Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа