Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз…” доир гардид, ки дар он 378 нафар донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо ҳам рақобат доштанд. Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуда, донишсанҷӣ намуданд. Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуда, маросими ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 5 нафар донишҷўён -донишҷўйи курси 1, ихтисоси 1-23.01.01-муносибатҳои байналмилалӣ, аз фанни забони англисӣ Меҳрдод Абдураҳмонзода ба гирифтани ҷойи аввал, донишҷўйи курси 3, ихтисоси 1-23.01.06.03-сиёсатшиносӣ, аз фанни сиёсатшиносӣ Баҳоваддин Қурбонов мақоми дуюм, донишҷўйи курси 3, ихтисоси 1-25.01.08-баҳисобгирии бухгалтерӣ, аз фанни математика Абўбакр Сатторов, донишҷўйи курси 4, ихтисоси 1-25.01.04-молия ва қарз, аз фанни назарияи иқтисодӣ – Фатҳуллозода Ҷаҳонгир ва донишҷўйи курси 1, ихтисоси 1-40.01.02.02-системаҳои автоматикунонидашуда, аз фанни технологияи информатсионӣ Муқбил Қурбонализода ба гирифтани ҷойҳои сеюм шарафёб гардиданд. Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like