Густариши робитаҳои донишгоҳ бо корхонаҳои саноатии  Чин

Рушду тавсеаи муносибатҳои дўстона ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳо сиёсат, иқтисод ва иҷтимоиёт бар асоси усули ҳамзистии осоишта, дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобил бемайлон рушд меёбанд ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ҷавобгӯи манофеи мардумони ҳар ду кишвар аст.

Дар ин замина густариши робитаҳои донишгоҳҳои кишвар бо макотиби олии Чин ва корхонаҳои муштараки истеҳсолию саноатӣ яке аз падидаҳои муҳим дар равобити ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.

Далели ин гуфтаҳост, ки дирўз ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон намояндагони ҶДММ «Ширкати саноати кўҳии TBEA Душанбе» ташриф оварда, бо роҳбарияти донишгоҳ мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Сараввал мулоқоти муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, профессор Бобоҷонов Д.Д. бо роҳбари ширкати мазкур     суръат гирифт. Даврон Бобоҷонов меҳмононро аз номи ректори донишгоҳи профессор, Шарифзода М.М. хайрамақдам гуфта, ёдовар шуд, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Маркази Конфутсий, корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин ва дигар донишгоҳҳои Хитой густариш меёбад. Бо иқдомҳои ректори донишгоҳ, тамоми шароитҳои мусоид барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони хитоӣ фароҳам оварда шудааст. Донишҷўён низ дар навбати худ ҷавобан ба ин гуна иқдомҳои созанда дар имтиҳонҳои сатҳи байналхалқӣ ва озмунҳои  гуногун, аз тарафи Маркази Конфутсий ташкил ва баргузор мегарданд, фаъолона ширкат меварзанд.

Дар навбати худ Джу Гуочао роҳбари ширкати мазкур оид ба ҳадафи ташрифи ҳайати худ ба донишгоҳҳои вилояти Суғд сухан ронд. Ў афзуд, ки ҶДММ «Ширкати саноати кўҳии TBEA Душанбе» бо дарёфт, коркард ва истеҳсоли металлҳои ранга дар минтақаи Айнӣ машғул буда, имрўзҳо мехоҳад донишҷўёне, ки забони хитоиро меомўзанд, ба таҷрибаомўзӣ ва кори доимӣ даъват намояд.

Иқдоми мазкур аз ҷониби раёсат донишгоҳ гарму самимӣ пазируфта шуд ва мутахассисони соҳа барои омода намудани шартнома муваззаф гардиданд.

Ҳамчунин мулоқоти роҳбари ширкат бо декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ доктори илмҳои сиёсӣ Акмалова М.Н., мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Эгамназаров ва ассистенти кафедра Рустамзода З.Р. низ суръат гирифт. Дар давоми сўҳбати самимӣ декани факултет изҳор дошт, ки дар факултет тамоми шароитҳо барои омўзиши забон ва фарҳанги Чин фароҳам оварда шуда, донишҷўён бо маводҳои таълимӣ пурра таъмин мебошанд.

Аз ҷониби сардори шуъбаи кадрҳои ширкати мазкур Тсун Джилонг шарту шароити кору фаъолият муаррифӣ карда шуд. Мавсуф зикр намуд, ки донишҷўён метавонанд баъд аз супоридани имтиҳони фосилавӣ таҷрибаомўзии худро дар ширкат гузаронанд. Дар ширкат тамоми шароитҳо барои таҷрибаомўзон фароҳам оварда шудааст ва ҳангоми гузаштани таҷрибаомўзӣ донишҷўён бо хобгоҳ, сару либоси корӣ, хўроки гарм ва ҳаққи таҷрибаомўзии моҳона таъмин карда мешаванд. Инчунин донишҷўён баъди бомуваффақият хатм намудани донишгоҳ бо кори доимӣ ва маоиши баланд таъмин карда мешаванд.

Баъди мулоқотҳои самимӣ ҷонибҳо ба созиш омаданд, ки дар асоси муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Чин ҳамкории судмандро ба роҳ мемонанд, ки ин барои рушд тавсеа ва ба дараҷаи сифатан нав баровардани раванди таълим ва таъмини донишҷўён бо кори доимӣ мусоидат хоҳад кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like