Оппозитсияи айбҷў
Рўзҳои охир маҷаллаи Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА мусоҳибаи фарогири роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Кабириро ба нашр расонид. Дар он чун ҳарвақта М. Кабирӣ ба интиқоди вазъи мавҷуда ва соҳаҳои алоҳидаи кишвар машғул буд. Албатта интиқод меваи демократия аст ва як нерўи оппозитсионӣ ҳамвора аз он кор мегирад.
Аммо, ба андешаи мо бакоргирии интиқод низ як шароит ва замони хоси хешро дорад. Аслан агар гирем, интиқод намудан ва ангушти ишорат ба сўи дигарон нишон додан, ки ҳама мушкил тақсири туст кори осоне аст. Ҳар нафаре метавонад аз ин усул кор бигирад ва барои худ симосозӣ намояд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ як нерўи даъвои ба қудрат расидан ва талаби мардумсолорӣ менамуда симои «мусбат»-и худро ба чунин васила намесозад. Хусусан дар чунин шароити муташанниҷӣ, ки миллат аз даъвоҳои ҳамсоякишвари бадгумон дар баҳсҳои марзӣ ранҷ мебарад чунин амал ва фаъолият заиф намудани мавқеи давлати мо ва об рехтан ба осиёби дигарон аст. Хусусан дар чунин сатҳи байналмилалӣ зери суол гузоштани симои давлати миллӣ камоли миллатдўстӣ нест ва душманӣ варзидан ба давлатдории хеш аст.
Агар нерўи сиёсие даъвои созандагӣ ва мардумсолорӣ дошта бошад, пас онро зарур аст, ки ҳатман дастовардҳои миллат ва мардуми хешро шиносад. Дар ҳолатҳои зарурӣ аз манфиатҳои гурўҳии хеш бигузарад ва манфиатҳои миллӣ ва давлатдории миллиро дар мадди аввал гузорад. Душмании худро канор бигузорад ва пайи ҷустуҷўӣ муттаҳидии миллату давлат ва рушди ҳамбастагии идоракунандагон ва мардум бошад. Аммо афсўс, ки нерўҳои мухолифи мо, хусусан Паймони миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар ин ҳолати зарурат ба муттаҳидӣ нуқтаҳои ҷудоиандозӣ меҷўянд, муттаҳидии моро зери суол мегузоранд, тухми адовату ҷудоӣ миёни мардуми мо мекоранд. Ҳолати низоӣ ва муқовимати мусаллаҳона дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон як шансе барои нерўҳои мухолифи берун аз кишвар буд, то қадаме ба сўи ҷуброни хатоҳои содирнамудаи хеш ниҳанд ва бо миллат ва мардуми кишвар будани худро нишон диҳанд. Аммо ҳайҳот онҳо манфиатҳои гурўҳӣ ва қудратхоҳии худро мадди аввал гузоштанд. Бар алайҳи ҳаммилатони хеш онҳо «дипломати варзида» ҳастанд, аммо барои ҳифзи миллат ва давлати хеш онҳо ҳеҷ иқдоми муфидеро ба анҷом нарасонидаанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ҳамеша барои гузаронидани пикетҳо ва ҳамоишҳо бар алайҳи низоми идории Тоҷикистон фаъол буданд, аммо дар ҳолати зарурати ҳифзи обруву эътибори миллат ва давлати Тоҷикистон мўҳри хомўшӣ бар лаб ниҳоданд. Ҳадди ақал хомўширо риоят мекарданд ва барномаи сиёҳсозии низоми идории Тоҷикистонро пеш намегирифтанд. Магар имрўз роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон бехабар аз он аст, ки намояндагони тими ў барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз усулҳои ғайриахлоқона ва ғайришаръӣ истифода мекунанд. Туҳматнома мебофанду мегўянд ва симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонанд.
Ба андешаи мо як нерўи сиёсии даъвогар ба «созандагӣ»-ро аввалан зарур аст, дастовардҳои Тоҷикистонро тўли солҳои истиқлолият эътироф намоянд, агарчанде онро назаррас намедонанд. Албатта, мавҷудияти мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон касе инкор накардааст. Миллати мо ҳолатҳои хеле вазнин ва сангинеро аз сар гузаронида буд, ки маҳз бо «шарофати» чунин сиёсатмадорони демагог ба он дучор гардида буд. Миллати мо бо муттаҳидӣ аз ҳамагуна мушкилиҳо метавонад раҳо ёбад ва ин ҳолат дар ягон сурат рўҳияи мардуми моро шикаста наметавонад. Қадам ба қадам мо ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва пешрафта ноил мегардем. Набояд фирефтаи чунин баёнҳои манфиатхоҳонаи нерўҳои мухолиф гардем, балки масъулиятшиносона ба муттаҳидии бештари миллат қадам ниҳем.
Ш.Солеҳӣ – муаллими калони
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ