Даъвои пучи Кабирӣ
Муҳитдин Кабирӣ гўё, ки ба маҷаллаи Донишгоҳи Вашингтон мусоҳибаи фарогиреро нашр кардааст, ин як воситаи таъсир расонидан ба маънавиёти Тоҷикистон мебошад. Ин мусоҳибаи банақшагирифтаи ў тоҷикистониёнро бо дигар давлатҳо аз лиҳози Амрико ва Аврупо бадном карданист.
Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, манфиатҳои милливу давлатиро дигар карданист.
Кабирӣ дар баромади худ қайд мекунад, гӯё ки: “Яке аз сабабҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба гуруҳҳои тундрав, мисли ДОИШ, Ал-Қоида ва дигарон, маҳз фалаҷ шудани низоми таълимии динӣ, назди мардум машруъияти динии худро аз даст додани имомҳо ва ниҳодҳои расмии динӣ ва ҷавобгўи талаботу ниёзҳои динии мардум набудани ин ниҳодҳо гўё бошад”.
Аммо тоҷикон яке аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ буда, фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта (дабистон, дабиристон ва ғайра) доштанд. Дар асрҳои миёна ин низоми таълиму тарбия дар шакли мактабу мадрасаҳо, ки барои омӯзонидани шариати ислом ва дигар улуми мутадовилаи вақт роиҷ буд, амал менамуданд. Дар мактабҳо таълими ибтидоӣ ва дар мадрасаҳо ва мактабҳои миёна омўзонидани дарсҳои арабиву форсӣ марсум буд ва дур низ нагаштааст. Инчунин пас аз ба даст гирифтани истиқлолият дар Тоҷикистон бисёр мадрасаҳо ва масҷидҳо сохта шуданд ва фаъолият мекунанд, ки то охирҳои соли 2015 ҳизби исломӣ фаъолият мекард. Дар замони истиқлолият ниҳодҳои динӣ дар ҳаёти ҷомеа мавқеи хоси фарҳангӣ ишғол намуданд, адади масҷиду муассисаҳои маорифи динӣ ба миқдори зиёд афзун ёфта, бо супориши Эмомалӣ Раҳмон тарҷумаи тоҷикии “Қуръони карим” ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардум ҳадя гардид, нашри адабиёти динӣ ва сарчашмаҳои дигар ба миллионҳо адад расид ва миқдори зоирони хонаи Каъба сол ба сол афзуда истодааст.
Ҷашн гирифтани ба рӯзҳои истироҳат таъин гардидани идҳои Фитру Қурбон ва ғайраҳо низ ба эҳёи арзишҳои динӣ такони зиёд бахшидааст. Барои пос доштани фарҳанги миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои динию фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра бургузор мегардид, ки аз тарафи давлат ягон маҳдудият дида намешавад.Соли 2008 низ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи исломии Тоҷикстон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ба омӯзишу таҳқиқи илмии масоили исломи муосир, сиёсати давлати дунявӣ нисбат ба дин, анъанаву маросимҳои исломӣ, тарҷумаю таҳқиқ ва нашри сарчашмаҳои исломӣ, омӯзиши вазъи дину диндорӣ, ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи муосири тоҷик ва дигар масоили марбут ба диншиносӣ машғул аст.
Инчунин нисбати Роғун низ қайд кард, ки: “Сохтани Роғун ҳамчун калонтарин нерӯгоҳи минтақа ва “расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” дигар як барномаи сирф иқтисодӣ нестанд, як идеология ва шиор ҳастанд, ки Раҳмон ҳади ақал 20 сол боз зеҳни мардумро бо он машғул медорад” аммо сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин — Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил мекунад.
9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.
20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.
Боз низ дар бораи Чин чунин қайд кардааст: «Ҳар ҳукумате пас аз Раҳмон биёяд, ҳатман бо Чин ҳамчун бо як ҳамсояи бузург бояд робитаҳои хуби иқтисодӣ ва сиёсиву амниятӣ дошта бошад, аз ҷумла мо ҳам». Аммо Чин бузургтарин ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, нуфузи ӯ вобаста ба инкишофи босуръат пеш рафтани иқтисодиаш барои Тоҷикистон роҳнамо мебошад. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, воқеан дар як давраи мушкили солҳои 90 ва аввалҳои солҳои 2000 қарор дошт. Чин дар ин давра яке аз кишварҳое буд, ки ба иқтисоди мо сармоягузорӣ намуд ва худро ҳамчун яке аз шарикони боэътимод муаррифӣ намуд, ки барои рушди ояндаи муносибатҳо як заминаи бунёдӣ гузошт. Чин кишваре мебошад, ки тамоми санадҳо ва шартномаҳои басташударо тибқи талабот иҷро менамояд. Он кишваре мебошад, ки дар баробари сармоягузориҳояш ҳеҷ ягон шарту шароити сиёсӣ пеш намегузорад ва хамеша барои рушди иқтисод кӯшиш менамояд ва дар баробари ин аз ҳама муҳим ба корҳои дохилии давлат дахолат намекунад. Дар баробари ин, Хитой аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар миёни шарикони иқтисодии кишвари мо мақоми махсусро соҳиб мебошад. То имрўз бо маблағгузории ин ҳамсояи бузург силсилаи лоиҳаҳои стратегӣ анҷом ёфта, ҳамчунин, дар назар дорад, ки дар оянда дар пиёдасозии лоиҳаҳои энергетикии кишвари мо, аз ҷумла дар бунёди нерўгоҳҳои барқии обӣ ширкат намуда, саҳми хешро дар рушди иқтисоди Тоҷикистон гузорад. Робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар асоси боварии якдигар то рафт мустаҳкам мегардад ва албатта ҳамин боварӣ ва эътимоди якдигар сабаб гардид. Ин буд, ки ба кишвари мо имконият дод, то шурўъ аз соли 2006 инҷониб қарзҳои имтиёзнокро соҳиб гардада, ба татбиқи лоиҳаҳои асосии инфрасохтор ҳусни оғоз бахшид.
Чин ба қатори он кишварҳое дохил мешавад, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши бориз дорад ва давлату ҳукумат бо ин кишвари бузурги минтақа ҳамкории наздики густурдаи худро ба роҳ мондааст. Робитаҳои Тоҷикистону Чин бо суръат рушд намуда, хамеша дар ҳолати тағйирёбии мусбӣ қарор доранд. Комиссияи байниҳукуматии тоҷикию чинӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ амал мекунад, ки ин ҳамаи суханҳои пучи ту маънӣ надошта ба Тоҷикистон таъсир низ намерасонад.
Кабирзода Г.Қ. – омўзгори кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ