Равнақи ҳамкориҳои хориҷии ДДҲБСТ
Санаи 19 майи соли 2021 намояндагони минтақаи автономии Ханти-Манси Федератсияи Русия Сидорова Олга Викторовна, мутахассиси палатаи ҷамъиятии Югра, роҳбари барномаи “ Рушди муносибатҳои таълимӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи автономии Ханти-Манси Федератсияи Русия”, гирандаи гранти Президенти ФР барои соли 2021 Трухина Олга Анатолевна, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ, мунисипалӣ ва ҳайати кадрӣ, сардори шӯъбаи қабули довталабон ба Донишгоҳи давлатии Сургут Поливтсев Алексей Михайлович – директори генералии ҶДММ “Лидер” Кулдашев Тахир Бахриддинович – директори ташкилоти ғайритиҷоратии “Маркази идоракунии барномаҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи автономии Ханти-Манси Федератсияи Русия” ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳоро намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамроҳӣ кард.
Мехмононро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Даврон Бобоҷонов ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Комилҷон Шарипов пазируфта, оид ба рушди муносибатҳои тарафайн байни МТОК-и минтақаи автономии Ханти-Манси ва Донишгоҳи давлатии Сургути Федератсияи Русия сӯҳбат намуданд.
Дар мулоқот ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар карда шуд. Зикр гардид, ки дар оянда дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ табодули донишҷӯёну устодон бароҳ монда мешавад.
Дар воҳӯрӣ Сидорова О. В., мутахассиси палатаи ҷамъиятии Югра, роҳбари барномаи “ Рушди муносибатҳои таълимӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи автономии Ханти-Манси Федератсияи Русия”, гирандаи гранти Президенти ФР барои соли 2021 оид ба масъалаи пешгирии бемории сироятии Covid-19 дар муассисаҳои таълимии минтақаи автономии Ханти-Манси Федератсияи Русия сухан карда таъкид намуд, ки волонтёрон саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки волонтёрони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вақти паҳн шудани вируси сироятии Covid-19 соли сипаригашта саҳми назарраси худро дар пешгирии паҳн шудани ин беморӣ, безараркунии ҷойи истиқоматии шаҳрвандон, тақсими 1 млн. адад ниқобҳои ройгон дар ҷойҳои ҷамъятии шаҳри Хуҷанд гузоштанд. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки истифода аз таҷрибаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар самти мубориза ва пешгирии паҳн шудани вируси сироятии Covid-19 дар муассисаҳои таълимии минтақаи автономии Ханти-Манси Федератсияи Русия самарабахш мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа