ДДҲБСТ: Онлайн- ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҷавонон – муқобили терроризм ва экстремизм”

18 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии онлайнӣ таҳти унвони “Ҷавонон – муқобили терроризм ва экстремизс” баргузор гардид. Ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Нахуст дар доираи ҳамоиши мазкур кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар саҳни донишгоҳ аксияи зиддитеррористӣ доир намуданд. Донишҷӯён дар даст бо шиору овезаҳои зиддитеррористӣ ин падидаи манфуру хатарзои ҷаҳониро маҳкум карданд.
Сипас, дар маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки васеъи намояндагони касбу кори гуногун ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба кори худ шуруъ кард. Онлайн –ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ кард ва мавзӯи онро муҳиму саривақтӣ ва муфид маънидод намуд. Дар кори ҳамоиш тариқи онлайн муовини раиси ҲҲДТ Асрор Латифзода, инчунин раҳбарон ва намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб инчунин намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Замира Мансурова иштирок ва перомуни мавзуи конференсияи онлайнӣ баромад карданд.
Зимни баромади иштирокчиён иброз гардид, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амният ба давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми ахли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ҳодисаҳои охири террористиву экстремистӣ исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.
Дар идома ҳамчунин чанде аз устодону донишҷӯёни иштирокчии конференсияи ҷумҳуриявӣ баромад карда зикр доштанд, ки дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террориста аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун мухдмтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.
Дар интиҳо хулоса карда шуд, ки дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят хушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба андешаи наврасону ҷавонон тарзи ҳаёта солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вакта холӣ фурсат наёбанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like